Дар шаҳри шимолии Қундузи Афғонистон рӯзи 8-уми октябр як таркиши пурқурбонӣ масҷиди шиаёнро такон дод. Шоҳидон гуфтанд, ки таркиши пурқудрат дар лаҳзаҳое рух дод, ки намозгузорон барои намози ҷумъа ҷамъ шуда буданд. Як сухангӯи вазорати корҳои дохилии “Толибон” Қорисаид Хустӣ ин хабарро ба AFP тасдиқ кард, вале ҷузъиёт надод.
Таркиши пурқудрат дар масҷиди шиаёни Қундуз
