Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои ҳуқуқи башари СММ гузоришгари вижаро барои Афғонистон интихоб мекунад


Қарор аст Шӯрои ҳуқуқи башари СММ фиристодаи вижаи худро барои Афғонистон таъин кунад, то ки қонуншиканиҳоеро, ки аз ҷониби “Толибон” ва дигар гурӯҳҳо содир мешаванд, таҳқиқ кунад. Дар овоздиҳии рӯзи 7-уми октябр барои қабули қатъномаи пешниҳодкардаи Иттиҳоди Аврупо 28 кишвар тарадор ва панҷ кишвар мухолиф, аз ҷумла, Чин, Покистон ва Русия овоз доданд. Аз 47 узв 14 нафарашон дар овоздиҳии Шӯрое, ки дар Женева қароргоҳ дорад, бетараф буданд.

Қатъномаи Иттиҳоди Аврупо пешниҳод мекунад, ки гузоришгари вижа корашро моҳи марти соли 2022 шурӯъ кунад ва ба узвияти он коршиносони СММ дар масоили таҳлили ҳуқуқӣ, колбадшикофон ва ҳуқуқи занон шомил шаванд. Мишел Бочелет, раиси Комиссариати олии СММ оид ба ҳуқуқи башар аллакай бо ӯҳдадории назорат аз вазъи ҳуқуқи башар то моҳи март фароҳам шудааст. Вазъи ҳуқуқи башар, ба вижа ҳуқуқи занону духтарон ба таҳсилу кор дар аҳди “Толибон” мавриди интиқоди шадид аст.

XS
SM
MD
LG