Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сомонаи HOLA News дастнорас шуд


Сомонаи HOLA News, ки бо забони қазоқӣ иттилоъ нашр мекард, барои бисёре аз корбарон дар дохили Қазоқистон дастнорас шуд.

Идораи сомона 7-уми октябр дар изҳороте гуфт, ки "давоми 48 соати охир фаъолияти сомонаи HOLA News-ро масдуд кардаанд".

"Корбарони мо дар хориҷ низ дар дастрасӣ мушкил пайдо карданд, зеро, бино ба талаботи қонунгузориии Қазоқистон, сомона дар дохили кишвар сабт шудааст", - омадааст дар изҳороти идораи HOLA News.

Дар ҳоли ҳозир идораи сомона дар пайи пайдо кардани сабаби мушкилӣ аст. Идора ба ширкатҳои таъминкунандаи интернет муроҷиат карда, аммо то ин замон посух наёфтааст.

XS
SM
MD
LG