Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон мехоҳад, аз Русия замини кишоварзӣ ба иҷора гирад


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Вазорати кишоварзии Узбекистон тасмим дорад, дар майдони наздик ба 1 миллион гектар дар Русия лубиёву гандум кишт кунад.

Ду кишвар айни замон барои озмоиш 35 ҳазор гектар заминро мувофиқа кардаанд. Дар ин бора дар ҷаласаи муштараки онлайнии вазирони кишоварзии Узбекистону Русия хабар дода шуд.

Вазорати кишоварзии Русия гуфтааст, ҷонибдори тарҳи муштарак бо Узбекистон аст.

Узбекистон тасмим дорад, барои таъмини бозори дохилии худ дар майдони 1 миллион гектар замин дар Русия лубиё, гандум ва зироати дигари кишоварзӣ бикорад.

Аммо баъзе аз шахсни огоҳ мегӯянд, мумкин аст, Русия ба Узбекистон заминҳои нокорам ва дурдастро ба иҷора диҳад, ки аз он заминҳо ҳосил бардоштан номумкин хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG