Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия муҳоҷиронро барои кор дар сохтмонҳо имтиҳон мекунад


Бинои навсохт дар Екатеринбург
Бинои навсохт дар Екатеринбург

Интизор меравад, то охири соли 2021 санҷиши тахассусии муҳоҷирони тоҷику беларусиро барои кор дар сохтмонҳои Русия ба роҳ монанд. Дар ин бора Антон Глушков, мудири Анҷумани миллии сохтмончиёни Русия, 7-уми октябр ба хабаргузории ТАСС иттилоъ дод. Бахши асосии муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар сохтмон кор мекунанд.

Аз ин пеш Русия бо Вазорати меҳнати Узбекистон дар бораи ҳамкориҳо, аз ҷумла имтиҳони тахассусии муҳоҷирон барои кор дар сохтмонҳо, ба созиш расида буданд.

Хабаргузории ТАСС аз қавли Глушков навишт, имтиҳони муҳоҷирони узбек моҳи ноябри имсол оғоз хоҳад шуд. "Ҳамин ки санҷишро бо муҳоҷирони узбекистонӣ анҷом дода, натиҷаҳояшро нишон додем, бо ҳамкасбон аз Тоҷикистону Беларус мулоқот мекунем", -- гуфтааст Глушков.

Қаблан Никита Стасишин, муовини вазири сохтмони Русия, гуфт, ба эҳтимоли зиёд интиқоли санҷишии муҳоҷирони узбек барои кор дар сохтмонҳои ин кишвар то охири моҳи октябр шуруъ мешавад. Ин ниҳод бо Узбекистон барои тавассути қатор ё поездҳои чартерӣ бурдани коргарон ба мувофиқа расидаанд.

Ба иттилои Антон Глушков, мудири Анҷумани миллии сохтмончиёни Русия, ҳаштод дарсади коргарон дар сохтмонҳои ин кишвар шаҳрвандони Узбекистону Тоҷикистон ва Беларус ҳастанд.

XS
SM
MD
LG