Рӯзи 6-уми октябр садҳо нафар дар назди идораи тақдими шиноснома ва корти ҳувият дар шаҳри Кобул ҷамъ шуданд. Ин муассиса аз замони ишғоли Афғонистон аз тарафи «Толибон» бори аввал дарҳояшро ба рӯйи мардуми корафтода кушод.
Вазорати корҳои дохилии «Толибон» рӯзи 5-уми октябр эълон кард, ки кормандони идораи тақдими шиноснома ва корти ҳувият, аз ҷумла занон, бояд ба ҷойи корашон баргарданд.
«Толибон»-и нозир бо истифода аз зӯр издиҳомро ба назм медароварданд.
Ба гуфти мансабдорони «Толибон», судури шиносномаҳо 9-уми октябр сар мешавад, аммо рӯзе пеш аксар корафтодагон аз бесарусомонӣ дар ин идора шикоят доштанд.
Бисёре аз афғонҳое, ки пас аз соли 2001 дар муассисаҳои амрикоӣ кор кардаанд, хавф доранд, ки «Толибон» аз онҳо интиқом мегиранд. Ин афғонҳо талош доранд, ки аз Афғонистон берун шаванд.
Дар зимн, мансабдорони Қатар мегӯянд, рӯзи 5-уми октябр бори шашум ҳавопаймои мусофирбар 300 нафарро аз Кобул ба шаҳри Давҳа интиқол дод.
Кӯчондани хориҷиён ва афғонҳои ҳамкори Амрико ва кишварҳои узви эътилофи байнулмилалӣ дар Афғонистон моҳи август, баъди ба сари қудрат омадани «Толибон», оғоз ёфтааст.