Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси бонки Украина баъди ҳамла ба журналистон муваққатан ба истеъфо рафт. ВИДЕО


Дар Украина раиси як бонки давлатӣ барои ҳамла ба журналистони барномаи “Схеми” узрхоҳӣ кард ва гуфт, ки то замони анҷом ёфтани тафтиши ҷиноии ин ҳодиса аз мақомаш истеъфо медиҳад. Евҳен Метшер, раиси "Укрэкзимбанк" дар ин бора дар як изҳороте рӯзи 6-уми октябр, ду рӯз баъди ҳамла ба журналистон навишт. Ҳодисаи ҳамла ба журналистонро матбуот, сиёсатмадорони маҳаллӣ ва президент Владимир Зеленский маҳкум карданд.

Метшер гуфт, ки дар замони тафтиши шурӯъшуда аз ҷониби полиси миллӣ ва ҳам санҷиши дохилии бонк “ба хотири барқарор кардани ақаллан нисфи обрӯи бонк” аз вазифааш канор меравад.

Ҳодиса рӯзи 4-уми октябр дар дафтари кории Метшер дар Киев рух дод. Кирило Овсянни, як гузоришгари барномаҳои таҳқиқотии “Схеми”, ки марбут ба Радиои Озодӣ ва шабакаи аввали телевизионии Украина мебошад, аз Метшер дар бораи як қарзи баҳсбарангезе суол кард, ки ба як муштарӣ дода шудааст. Метшер ҳамон замон ходимони амниятии бонкро даъват ва талаб намуд, ки кори журналистон қатъ карда шавад, дастгоҳҳои наворбардории онҳо мусодираву тамоми маводи видеоии бардоштаи онҳо пок карда шавад. Баъди ин нисбати наворбардор Олександр Мазур бо зӯр ду дастгоҳи наворбардориву кортҳои сабти маводи онҳо мусодира шуд. Ин ду журналист танҳо баъди он иҷозаи тарки бонк гирифтанд, ки мусоҳибаи сабтшуда аз кортҳои видеоӣ онҳо пок карда шуд.

Вале кормандони фаннии “Схеми” баъдан тавонистанд, ки ин сабтро барқарор кунанд ва дар шабакаи Youtube нашр карданд. Дафтари президент Зеленский ҳамла ба журналистонро “ғайри қобили қабул” номид ва гуфт, ки озодии баён яке аз арзишҳои бунёдии Украина мебошад.

XS
SM
MD
LG