Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Gulagu.net видеоҳои ваҳшатноки шиканҷаву таҷовузи зиндониҳо дар Русияро фош кард


Владимир Осечкин муассиси пойгоҳи Gulagu.net
Владимир Осечкин муассиси пойгоҳи Gulagu.net

Як ҳомии маъруфи ҳуқуқи башар дар Русия гуфт, ки ба дасти ҳамкорони ӯ як бастаи калони сабтҳои видеоии ҳолатҳои шиканҷаву азият, таҷовуз ба номус ва дигар навъҳои бадрафторӣ нисбати зиндониёну боздоштшудаҳо расидааст, ки аз ҷониби агент ё омилони ФСБ ва Хадамоти зиндонҳои Русия анҷом мешуданд. Владимир Осечкин муассиси пойгоҳи Gulagu.net рӯзи 4-уми октябр дар Фейсбук навишт, ки ин ин видеоҳо далели он аст, ки ходимони ҳифзи қонун аз роҳи шиканҷаву азияти зиндониҳо онҳоро маҷбур мекунанд, ки бо мақомот ҳамкорӣ карда, аз болои ҳамдигар хабаркашӣ кунанд. Мақомоти расмӣ ба иттиҳомоти Осечкин ҳанӯз вокуниш накардаанд.

Дар 40 гигабайт видео-сабтҳо ҳолатҳои бадрафториву шиканҷаи зиндониҳои маҳбасҳои вилоятҳои Владимир, Саратов ва Иркутск дар солҳои 2018 то 2020 ҳифз шудаанд.

Ин видеоҳоро ба Осечкин собиқ зиндоние додааст, ки мутахассиси фанновариҳои компютерӣ буда, чанде пеш ба хориҷа рафтааст. Осечкин гуфтааст, ин зиндонӣ худаш ҳам шиканҷа шудаву баъдан ӯро мақомоти зиндон барои истифодаи ҳунари касбиаш ба кор ҷалб намуд. Ин мутахассис ба захираҳои компютерии сабтҳои видеоии шиканҷаи зиндониҳо дастрасӣ пайдо кард ва тавонист онҳоро берун барад. Осечкин мегӯяд, бар асоси видеоҳои ба дасти онҳо расида шиканҷаи 200 зиндонӣ ва рафтори бад бо 40 нафари дигар ба қайд гирифта шудааст.

Пойгоҳи Gulagu.net, ки як созмони ҳомии ҳуқуқи зиндониҳо мебошад, соли 2011 таъсис шуд. Соли 2015 Осечкин маҷбур шуд ба як кишвари Иттиҳоди Аврупо паноҳанда шавад. Моҳи июли соли ҷорӣ Роскомнадзор бо талаби ФСБ ва Хадамоти зиндонҳо дастрасӣ ба ин вебсайтро масдуд кард.

XS
SM
MD
LG