Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқот: Воксинаи Pfizer/BioNTech аз бистаришавӣ пешгирӣ мекунад


Як таҳқиқоти амрикоӣ ба хулосае омадааст, ки эмшавӣ бо ду воксинаи ширкатҳои Pfizer/BioNTech дар давоми шаш моҳ аз бистаришавӣ бар асари COVID-19 пешгирӣ мекунад. Натиҷаҳои таҳқиқоте, ки рӯзи 4-уми октябр дар маҷаллаи тиббии Lancet нашр шуд, мегӯяд, ду воксинаи ин ширкат дар 90 дарсади ҳолатҳо аз зарурати интиқоли бемор ба шифохона ва ҳам аз олудашавӣ ба навъи сангини коронавирус нигоҳ медорад.

Айни замон, таҳқиқот собит кардааст, ки таъсири воксина бо гузашти вақт кам мешавад ва агар моҳи аввали эмшавии пурра 88 дарсад манфиатовар бошад, панҷ моҳ баъд 47 дарсадро ташкил медиҳад.

Муҳаққиқон гуфтаанд, бар асоси омӯзиши натиҷаҳои таҳқиқоти дигар донишмандон дар ИМА, Исроил ва кишварҳои дигар, ба чунин хулосае омадаанд, ки гирифтани воксинаи сеюм, бахусус барои афроди калонсол, беҳтар аст.

Таҳқиқот бар асоси омӯзиши вазъи сиҳҳатии 3,4 миллион аҳолии ИМА анҷом шудааст.

XS
SM
MD
LG