Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи Гурҷистон ва номаи Саакашвилӣ аз дохили боздоштгоҳ


Президенти Гурҷистон Саломе Зурабишвили барои овоздиҳӣ рафтааст. Ӯ дар робита бо Саакашвили гуфт, ки "ҳеҷ гоҳ" ӯро намебахшад
Президенти Гурҷистон Саломе Зурабишвили барои овоздиҳӣ рафтааст. Ӯ дар робита бо Саакашвили гуфт, ки "ҳеҷ гоҳ" ӯро намебахшад

Дар Гурҷистон интихоботи маҳаллии шаҳрдорону аъзои шӯроҳои маҳаллӣ ҷараён дорад ва ин овоздиҳиро бисёриҳо ҳамчун имтиҳон ё референдуми эътимод ба ҳизби ҳокими “Орзуи Гурҷистон” арзёбӣ мекунанд. Ҷомеаи Гурҷистон дар остонаи интихобот ва баъди интихоботи соли гузашта бисёр аз ҳам пошидааст, мавқеи ягона надорад. Дар остонаи интихобот собиқ президенти ин кишвар Михаил Саакашвили ба Гурҷистон баргашту шоми 1-уми октябр боздошт шуд. Ӯ аз дохили боздоштгоҳе дар канори Тифлис мардумро ба ширкат дар интихобот даъват кард.

“Эхо Кавказа” номаи дастнависи Саакашвилиро аз дохили боздоштгоҳ нашр кард, ки дар он собиқ президент аз мардум тақозо мекунад, ки дар интихобот овоз диҳанд ва баъдан барои ҳимоят аз овозҳои худ бархезанд.

Дар ин нома Саакашвили мегӯяд, ки медонист боздошт мешавад
Дар ин нома Саакашвили мегӯяд, ки медонист боздошт мешавад

Саакашвилӣ, ки 1-уми октябр дар Батумӣ пайдо шуду зоҳиран полис ва мақомоти Тифлисро ғофилгир кард, аз мухолифон ҷонибдорӣ мекунад ва ҳам баробари бозгашт ҳамаро ба раҳпаймоӣ даъват кард. Ӯро шоми он рӯз боздошт карданд. Додгоҳи Гурҷистон соли 2018 Саакашвилиро дар ғайбаш ба сӯиистифода аз қудрат айбдор ва ба зиндон маҳкум кард. Худи ӯ дар Украина зиндагиву кор мекард. Бо вуҷуди таҳдиди зиндон Саакашвилӣ поёни моҳи сентябр хабар дод, ки ба Гурҷистон, ба гуфтааш, “барои наҷоти кишвар” меравад.

Ин ҳама дар ҳолест, ки ҷомеаи Гурҷистон то омадани Саакашвилӣ ҳам дар як бӯҳрони сиёсӣ қарор дошт.

XS
SM
MD
LG