Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси Саакашвилӣ дар остонаи интихобот зоҳиран боиси бетартибӣ дар Гурҷистон мешавад. ВИДЕО


Михаил Саакашвили шоми 1-уми октябр дар Гурҷистон боздошт шуд

Рӯзи 2-юми октябр дар Гурҷистон интихоботи маҳаллӣ баргузор мешавад. Дар ин кишваре, ки мавқеи сиёсии мардумаш аз ҳам хеле фарқ мекунад, бовар меравад, ки овоздиҳии имрӯза бештар ба манфиати  ҳизби ҳокими “Орзуи Гурҷистон” меанҷомад.

То ногаҳон баргаштани собиқ президент Михаил Саакашвили ҳам дар ҷомеа назарҳо яксон набуд. Саакашвилӣ, ки 1-уми октябр дар Батумӣ пайдо шуду зоҳиран полис ва мақомоти Тифлисро ғофилгир кард, аз мухолифон ҷонибдорӣ мекунад ва ҳам баробари бозгашт ҳамаро ба раҳпаймоӣ даъват кард. Ӯро шоми он рӯз боздошт карданд. Додгоҳи Гурҷистон соли 2018 Саакашвилиро дар ғайбаш ба сӯиистифода аз қудрат айбдор ва ба зиндон маҳкум кард. Худи ӯ дар Украина зиндагиву кор мекард. Бо вуҷуди таҳдиди зиндон Саакашвилӣ поёни моҳи сентябр хабар дод, ки ба Гурҷистон, ба гуфтааш, “барои наҷоти кишвар” меравад.

Ин ҳама дар ҳолест, ки ҷомеаи Гурҷистон то омадани Саакашвилӣ ҳам дар як бӯҳрони сиёсӣ қарор дошт. Интихоботи ахири моҳи октябри порсол, ки бо ғалабаи ҳизби ҳокими “Орзуи Гурҷистон” анҷомид, аз ҷониби мухолифон рад шуд. Мухолифон иддао карданд, ки натиҷаҳо тақаллуб шудааст ва онро бойкот карданд. Бӯҳрон чандин моҳ тӯл кашид. Моҳи апреди соли ҷорӣ бо миёнҷигирии Иттиҳоди Аврупо мухолифон ва ҳизби ҳоким созише имзо карданд. Бар асоси ин созиш, агар дар интихоботи нав ҳизби “Орзуи Гурҷистон” камтар аз 43 дарсади овозҳоро ба даст орад, интихоботи пеш аз мӯҳлат соли 2022 барпо хоҳад шуд.

Михеил Саакашвили боздошт шуд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:18 0:00

Вале моҳи июл раҳбари ҳизби ҳоким Иракли Кобахидзе созиши рӯзи 19-уми апрелро бекор ва иддао кард, ки мухолифон шикаст хӯрданду аксар шартҳои ин созиш иҷро шудааст.

Ҳабси Саакашвили, ки Ҷумбиши муттаҳидаи миллиро таъсис додааст, эҳтимолан боиси эҷоди бебандуборӣ дар ин кишваре мешавад, ки мсолҳои охир дар ҳолати бесуботии сиёсӣ ба сар мебарад.

Мақомоти раҳбарикунандаи Гурҷистон аз бозгашти Саакашвилӣ хушнуд нестанд.

Боздошти Саакашвили

Мақомоти Гурҷистон шоми 1-уми октябр эълон карданд, ки собиқ президент Михаил Саакашвили боздошт шудааст. Дар наворҳои видеоие, ки тавассути шабакаҳои давлатӣ нашр шуд, Саакашвили бо завлона дар даст ва чеҳраи хандон намоиш дода шуд, ки дар як боздоштгоҳи маҳаллӣ қарор дорад. Маълум нест, ки боздошти ӯ чӣ гуна сурат гирифт, вале мақомот гуфтанд, ки ӯро ба боздоштгоҳи Руставии рақами 2, воқеъ дар 30 дақиқа роҳ ба самти ҷануби Тифлис ҷой додаанд. Додгоҳи соли 2018 Саакашвилиро дар ғайбаш ба 8 соли зиндон маҳкум кардааст.

Омбудсмени ҷамъиятӣ Нино Ломҷариа гуфт, ки дар боздоштгоҳ бо Саакашвили мулоқот кард. Ба гуфтааш, вақти боздошт ӯ муқовимат накардааст ва гуфтааст, ки даст ба гуруснанишинӣ мезанад.

Вақте Саакашвили иддао кард, ки ба Гурҷистон расидааст, мақомот ин хабарро нахуст рад карданд. Ба иттилои матбуот, зоҳиран роҳи ворид шудани ӯ ба кишвар маълум нест, чун ӯ қаблан эълон кард, ки 2-юми октябр бо ҳавопаймо мерасад. Вале санҷиши ин хабар дар фурудгоҳу нуқтаҳои марзӣ нишон дод, ки ӯ расман аз сарҳад нагузаштааст.

Мақомот қабл аз ин гуфтанд, ки ӯ баробари ба хоки Гурҷистон расиданаш боздошт мешавад, вале омадани ӯ ба кишварро як рӯз пеш интизор надоштанд.

Дар Украина Саакашвили масъули ислоҳот дар тими президент Владимир Зеленский мебошад. Рӯзи 1-уми октябр вазорати корҳои хориҷии Украина сафири Гурҷистонро даъват карда аз онҳо шарҳи боздошти Саакашвилиро тақозо карданд. Зеленский гуфтааст, ки аз боздошти Саакашвилӣ нигарон аст.

Саакашвили аз шаҳрвандии Гурҷистон маҳрум карда шуд ва соли 2015 шаҳрвандии Украинаро гирифт.

Дар Тифлис Саломе Зурабишвили, президенти Гурҷистон сохторҳои ҳифзи қонунро барои боздошти Саакашвили ташаккур кард ва собиқ президентро дар талоши бесубот кардани кишвар гунаҳгор намуд. Зурабишвили инчунин гуфт, ки “ҳеҷ гоҳ” Саакашвилиро намебахшад.


Саакашвилиро дар он айбдор карданд, ки ӯ замони президентиаш соли 2005 шаҳодати латукӯби як узви мухолифон ва ҳам куштори як бонкдори гурҷиро пинҳон кардааст. Худи Саакашвили иттиҳомотро дорои ангезаҳои сиёсӣ меномад.

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG