Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби оппозитсионии Гурҷистон бойкоти ҳафтмоҳаро хотима дод


Ника Мелиа, раҳбари Ҷумбиши муттаҳидаи миллӣ
Ника Мелиа, раҳбари Ҷумбиши муттаҳидаи миллӣ

Раҳбари ҳизби оппозитсионии гурҷӣ Ника Мелиа рӯзи 30-юми май гуфт, ки баъди бойкоти тахминан ҳафтмоҳа ҳизбаш – Ҷумбиши муттаҳидаи миллӣ қарор кард, ки ба парлумон ворид шавад. Мелиа, ки дар баробари хабарнигорон дар Тифлис сӯҳбат мекард, гуфт: “Мо ба парлумон ворид мешавем, то ки давлати Гурҷистонро, ки аз ҷониби олигарх Бидзина Иванишвили ғасб шудааст, озод кунем”. Иванишвили мултимиллардер ва муассиси ҳизби “Орзуи Гурҷистон” аст.

Моҳи октябри порсол, вақте “Орзу Гурҷистон”-ро барандаи интихоботи парлумонӣ эълон карданду мухолифон ин натиҷаҳоро ноодилона ва тақаллубшуда номиданд, Гурҷистон ба як бӯҳрони тӯлонимуддати сиёсӣ ворид шуд. Ҳизбҳои мухолифон парлумонро бойкот карданд ва бо баргузории намоишҳои эътирозӣ ташкили интихоботи навро талаб карданд. Бо кӯмаки Иттиҳоди Аврупо Мелиа оғози моҳи май аз боздошт озод карда шуд. Ӯро бо иттиҳоми ташкили беназмиҳои ҷамъиятӣ дар ҷараёни эътирозҳои соли 2019 ба муддати се моҳ ҳабс карданд. Моҳи апрел президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел барои ба ҳам овардани ҳизбҳои сиёсӣ ва дастёбӣ ба тавофуқ миёнҷигӣ кард.

XS
SM
MD
LG