Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳбуси сиёсии қазоқ Алмат Ҷумагулов аз маҳбас озод шуд


Алмат Ҷумагулов
Алмат Ҷумагулов

Алмат Ҷумагулов, фаъоли маданӣ ва яке аз се маҳкумшуда дар доираи парвандаи баҳсбарангези "ҷиҳодиён" дар Қазоқистон, баъди тақрибан чаҳор соли зиндон аз маҳбаси вилояти Алмаатои ин кишвар озод шуд.

"Соати шаши субҳ аз хоб бедор карда, гуфтанд, ки бояд санадеро пур кунед. Сипас ба кӯча бароварда, гуфтанд, ки метавонед ба хонаатон равед. Худам ҳеч чизро нафаҳмидам", - гуфт Ҷумагулов дар суҳбат бо бахши қазоқии Радиои Озодӣ.

Додгоҳи шаҳри Қапшағайи Қазоқистон 15-уми сентябр дархости Алмат Ҷумагуловро, ки хоста буд, муҳлати боқии ҳукми зиндонаш ба маҳдуд кардани озодӣ иваз карда шавад, қабул кардааст.

Ҷумагулов фаъоли ҷамъиятист, ки хири соли 2018 дар доираи парвандаи маъруф ба "парвандаи ҷиҳодиҳо" ба 8 соли зиндон маҳкум шуд. Ӯро дар "тарғиби терроризм" ва "ангехтани хусумати миллӣ" айбдор карданд.

XS
SM
MD
LG