Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ноҳияи Ҳамадонӣ Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошим таъсис ёфт


Одина Ҳошим, Ҳофизи халқии Тоҷикистон.
Одина Ҳошим, Ҳофизи халқии Тоҷикистон.

Дар ноҳияи Ҳамадонӣ, воқеъ ҷануби Тоҷикистон, Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошим навсозӣ шудааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон хабар дод, ки президент Эмомалӣ Раҳмон рузи 1-уми октябр аз ин муассисаи фарҳангӣ боздид намуд. Ба иттилои манбаъ, ин муассиса "ба ҳадафи арҷгузорӣ ба хизматҳои арзишманди Ҳофизи халқии Тоҷикистон шодрамон Одина Ҳошим", дар рушди фарҳангу санъати тоҷик, ба номи ӯ гузошта шуд. Дар гушае аз ин бино осорхона ҳам таъсис дода шудааст, ки дар он маҳсули офаридаҳои Одина Ҳошим, созҳои мусиқӣ, аксҳо аз сафарҳои ҳунарӣ ва либосҳои ӯ ҷамъоварӣ шудаанд

Одинаи Ҳошим аз бузургтарин сарояндагони сабки роғӣ ва фалак дар садаи бистум буд. Вай дар 56 соли умри худ ҳудуди 30 сол рӯи саҳна буд ва наздики 500 тарона иҷро кард. Аксари таронаҳои ӯ бар матни шоирони классики форсу тоҷик эҷод шудаанд. Эҳтирому шӯҳрати Одина Ҳошим хеле фаротар аз Тоҷикистону Шӯравӣ рафта буд. Ба дунболи суқути Шӯравӣ Одина Ҳошим аз нахустин афроде буд, ки фарҳангу ҳунари тоҷикро дар Эрон муаррифӣ карда ва дар он кишвар мухлисони зиёде дошт.

Одинаи Ҳошим дар соли 1993, дар авҷи нооромиҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон дар синни 56-солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт. Соҳибназарони тоҷик дар гузашта чандин бор ин масъаларо матраҳ кардаанд, ки магар намесазад, то муасиссае, донишкадае ва ё ниҳоди фарҳангие бо исми ин бузургвори аҳли ҳунару маънӣ гузошта шавад?!

XS
SM
MD
LG