Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дигарандеши зиндонии қазоқ Арон Отабек дар беморхона бистарӣ шудааст


Раҳбари созмони ҳомии ҳуқуқи "Ар. Рух. Хак" Бахидҷон Торогожин 28 сентябр дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук хабар дод, ки шоир ва дигарандеши зиндонии Қазоқистон Арон Отабек дар беморхона бистарӣ шудааст. Ҳомии ҳуқуқ аз шаҳри Павлодар Елена Семёнова ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ хабар дод, ки Отабек як ҳафта мешавад дар беморхона аст. Кумитаи иҷрои ҷазои Қазоқистон то ҳол ин хабарро шарҳ надодааст. Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Қазоқистон дербоз аз вазъи сиҳатии шоир Отабек, ки беш аз 15 сол мешавад, дар зиндон аст, нигаронӣ мекунанд.

Арон Отабек барои ташкили эътирозҳои ҷамъиятие, ки боиси куштори як ходими полис шуд, ба 18 соли зиндон маҳкум гардид. Ҳомиёни ҳуқуқи маҳаллӣ ҳафтаи гузашта дар як муроҷиатнома аз президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев даъват карданд, ки шоир Отабекро афв кунад.

XS
SM
MD
LG