Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи байналмилалии ҷиноятҳо мехоҳад аъмоли Толибон ва ДОИШро таҳқиқ кунад


Гаага, Нидерланди. Додгоҳи байналмилалии ҷиноятҳо
Гаага, Нидерланди. Додгоҳи байналмилалии ҷиноятҳо

Додситони Додгоҳи байналмилалии ҷиноятҳо гуфт, ки ба таври оҷил бояд иҷозаи таҳқиқи ҷиноятҳои ҷангиву ҷиноят алайҳи башарият дар Афғонистон дода шавад, то ки амалҳои “Толибон” ва гурӯҳи “Давлати исломӣ” мавриди тафтиш қарор гирад. Додситон Карим Хон дар изҳороте рӯзи 27-уми сентябр гуфт, ки аризаи дархости онҳо ба додгоҳ супурда шуд ва таъҷилӣ будани ин тафтишотро ба ҳузури “Толибон” дар Афғонистон рабт медиҳанд. Моҳи марти порсол додгоҳи байналмилалӣ айни чунин дархости додситони пешин Фату Бенсударо қонеъ кард, вале таҳқиқ бо дархости ҳукумати президенти собиқ Ашраф Ғанӣ боздошта шуд. Кобул гуфт, ки худаш ин ҷиноятҳоро таҳқиқ мекунад. Дар миёни ҷиноятҳои мавриди таҳқиқ қонуншиканиҳои аз ҷониби артиши ҳукумати Афғонистон содиршуда ёд мешаванд. Қарори ҳамин додгоҳ дар заминаи таҳқиқи қонуншиканиҳои низомиёни амрикоӣ дар Афғонистонро маъмурияти Доналд Трамп масдуд ва дар ҷавоб Бенсударо таҳрим кард. Ҳоло додситони калони додгоҳи байналмилалӣ мегӯяд, омадани “Толибон” шароити навро ба вуҷуд овард ва тамаркузи додгоҳ бояд ба таҳқиқи ҷиноятҳои ин гурӯҳ ва ҳам Шохаи Хуросони гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Афғонистон равона шавад.

XS
SM
MD
LG