Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузоришҳо: баъди 1-уми октябр рейди зидди муҳоҷирони ғайриқонунӣ шурӯъ мешавад


Апрели соли 2014. Як рейди зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар Русия
Апрели соли 2014. Як рейди зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар Русия

Бар асоси бархе хабарҳои расида, мақомоти Русия мехоҳанд шурӯъ аз 1-уми октябр дар ҳудуди Русия рейдҳои зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ барпо кунанд. Тибқи як ҳуҷҷате, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, ба ниҳодҳои дахлдор супориш шудааст, барои муайян, нигаҳдорӣ ва муҷозоту ихроҷи шаҳрвандони хориҷие, ки то 30-юми сентябр буду боши худро дар қаламрави Русия қонунӣ накардаанд, чоранадешӣ намоянд. Ҳамчунин тибқи дастур, барои сарборӣ нашудан ба марказҳои муваққатии нигаҳдории муҳоҷирони ғайриқонунӣ, бояд ҷойҳои иловагӣ ташкил карда шавад. Бо наздик омадани мӯҳлати анҷоми имтиёз, навбатпоиҳо низ дар назди марказаҳои муҳоҷирати шаҳру ноҳияҳои Русия меафзояд. Аз ҷумла корбарони барномаҳои «Озодивидео» бо фиристодани навор аз назди маркази Сахарово аз беҳуш шудани чанде аз муҳоҷирони дар навбатбуда хабар медиҳанд.

XS
SM
MD
LG