Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден гуфт, ба ҷои "ҷангҳои беохир" давраи "дипломатияи пойдор" расидааст


21-уми сентябр дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк Ҷо Байден аввалин бор дар мақоми президенти ИМА суханронӣ кард
21-уми сентябр дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк Ҷо Байден аввалин бор дар мақоми президенти ИМА суханронӣ кард

Президент Ҷо Байден зимни суханронии нахустинаш аз минбари Маҷмаи кулли СММ рӯзи 21-ми сентябр қарори хуруҷи нирӯҳои ИМА аз Афғонистонро дуруст номид ва гуфт, ки маъмурияти ӯ ҳамакнун дар фикри тақвияти дипломатия ба хотири муқобила бо чолишҳои ҷаҳонӣ мебошад. Байден дар СММ дар шаҳри Ню-Йорк гуфт, “мо ба даргириҳои 20-сола дар Афғонистон хотима дода, бо ҳамин давраи ҷангҳои беохирро анҷом медиҳем ва ба аҳди нави дипломатияи пойдор ворид мешавем”.

Байден, ки барои хуруҷи бебандубори нирӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон мавриди интиқод мебошад, зоҳиран дар посух ба ин танқидҳо гуфт, ки низомиёни ИМА “набояд барои ҳар як мушкил дар нуқоти ҷаҳон истифода шаванд”. Байден гуфт, “рисолат бояд рӯшан ва қобили дастрасӣ бошад” ва, ба қавли Байден, ҷавобгӯи манфиатҳои мардуми ИМА ва ҳам ҳадди аксар ҳамоҳангшуда бо ҳампаймонҳои ин кишвар бошад.

Ӯ гуфт, “ба ҷои идомаи ҷангҳои гузашта, мо дида ба” чолишҳои ҷаҳонии мисли пандемияи COVID-19, тағйироти иқлим ва поймолшавии ҳуқуқи инсон дӯхтаем. Ӯ гуфт, ки ҷаҳон дар як “нуқтаи чархиш” қарор дорад ва расидагӣ ба чолишҳо имтиҳони тавони “эътирофи башардӯстии мо” хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG