Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи аврупоӣ Русияро масъули "қатл"-и Литвиненко донист


Александр Литвиненко. Акс аз соли 2002
Александр Литвиненко. Акс аз соли 2002

Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо Русияро дар марги афсари пешини ФСБ, Александр Литвиненко, гунаҳкор донист.

Ӯ соли 2006, пас аз заҳролудшавӣ дар Лондон, даргузашт. Ташхиси тиббӣ дар баданаш нишонаҳои заҳри полониум-210-ро мушаххас кард.

Кремлин ҳукми додгоҳро "беасос" донист. Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия, рӯзи 21-уми сентябр гуфт: "Додгоҳи ҳуқуқи башар қудрат ё тавоноии фанниро дар бораи ин мавзуъ надорад. Ҳанӯз ҳеч натиҷаи ин таҳқиқот вуҷуд надорад ва чунин иддао ҳадди ақал исбот нашудааст."

Бозрасони Бритониё соли 2016 гуфта буданд, ки дар паси куштори Александр Литвиненко ҳукумати Русия меистад. Онҳо ҳамчунин ду шаҳрванди Русия – Андрей Луговой, ки ҳоло вакили порлумони Русия аст ва Дмитрий Ковтунро гумонбарони асосӣ донистанд.

Александр Литвиненко аз мунтақидони сарсахти ҳукумати Владимир Путин буд ва дар соли 2000-ум, баъди ба қудрат расидани ӯ, аз Русия фирор кард ва дар Бритониё паноҳ бурд.

Вай ҳаммуаллифи китоби пурсарусадои "ФСБ Русияро метарконад" аст.

Дар он китоб масъулияти таркишҳои пурқурбонии чанд бинои баландошёна дар шаҳрҳои гуногуни Русияро дар тирамоҳи соли 1999 ба дӯши ниҳодҳои амниятии Русия, аз ҷумла ФСБ, бор кардаанд. Ба бовари бисёриҳо, ин таркишҳо роҳи Путинро ба сӯи қудрат кушоданд.

Литвиненко бо вуҷуди пайдо кардани паноҳгоҳ дар Бритониё ҳамеша аз сарнавишти худ изҳори нигаронӣ мекард ва мегуфт, ҷосусони Кремл ӯро ҳатто дар хориҷ низ таъқиб мекунанд.

XS
SM
MD
LG