Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ё кушта мешавем, ё ҳаққи худро ба даст меорем." Тазоҳуроти занон ба зидди тасмими "Толибон" дар Кобул


Акс аз эътирози занон дар рӯзи 3-юми сентябри 2021 дар Кобул

Шуморе аз занон дар шаҳри Кобул рӯзи 19-уми сентябр дар вокуниш ба баста шудани Вазорати кор бо занон ва номушаххас будани ҳаққи таҳсил ё омӯзиши духтарон роҳпаймоӣ карданд. Онҳо, ки шумораашон маҳдуд аст, дар назди дарвозаи Вазорати кор бо занони Афғонистон, ки ҳоло ба Вазорати амри маъруфи ҳукумати "Толибон" табдил шудааст, хоҳони таъмини ҳуқуқи духтарон ва занон шуданд. Гуруҳи "Толибон" гуфтааст, ба ҳуқуқи занон мутобиқи арзишҳои исломӣ эҳтиром дорад.

Тараннум Саидӣ, яке аз занони норозӣ, мегӯяд, "Толибон" наметавонанд, ки монеи кору омӯзиши занон дар Афғонистон шаванд ва хостҳояшонро ба онҳо бор кунанд.

Ӯ рӯзи якшанбе дар суҳбат бо бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфт: "Созмони Милал, Кумисюни ҳуқуқи башар ва ҷомеаи ҷаҳониро, ки ба дарди мо нахӯранд, чӣ кор кунем? Дар замоне ки ҳеч кас наметавонад, аз мо дифоъ кунад, садои худро баланд мекунем. Худамон меоем ва эътироз мекунем, ё кушта мешавем ва ё ҳаққи худро ба даст меорем."

Вазорати кор бо занони Афғонистон, ки ба Вазорати амри маъруфи ҳукумати "Толибон" иваз шуд
Вазорати кор бо занони Афғонистон, ки ба Вазорати амри маъруфи ҳукумати "Толибон" иваз шуд

Рӯзҳои охир барои ҳимоят аз ҳуқуқи занон дар Афғонистон садоҳои бештаре баланд мешавад. Ин додхоҳиҳо барои ҳуқуқи занон пас аз он рӯ ба афзоиш овард, ки "Толибон" ҳафтаи гузашта Вазорати умури занонро бастанд ва ба духтарони аз синфи шашум боло иҷозаи омӯзиш надоданд.

Рӯзи 19-уми сентябр шаҳрдори муваққатии Кобул ба занони коргар дастур додааст, ки дар хонаҳои худ бимонанд.

Ҳизби мавҷи таҳаввули Афғонистон ба раҳбарии Фавзия Кӯфӣ, намояндаи собиқи порлумон ва узви ҳайати музокиракунандаи ҳукумати пешин дар Қатар, рӯзи якшанбе "Толибон"-ро ба бетаваҷҷӯҳӣ ба ҳуқуқи занон гунаҳкор кард.

Марзия Аҳмадӣ, узви ин ҳизб, дар ҳамоише гуфт, пас аз ҳоким шудани "Толибон" бар Афғонистон, тамоми тасмимҳо дар бораи занон хилофи ислом ва қонунҳо гирифта шудааст.

Ӯ афзуд: "Дур нигоҳ доштани занон ва маҳрум сохтани онҳо аз кор ва бархӯрдҳои табъизомез бо асоси дини мубини ислом, равишҳои кишварҳои исломӣ ва одати маъмул дар Афғонистон мухолиф аст. Бинобар ин, ҳаққи кору ҳузури маънидори занон дар арсаҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ, бавижа нақши барҷастаашон дар раҳбарии сохтори ҳукумати нав, аз хостҳои асосии занони муборизи ин кишвар аст."

Фавзия Кӯфӣ
Фавзия Кӯфӣ

Пас аз он ки "Толибон" назорат бар Афғонистонро ба даст гирифтанд, яке аз бузургтарин нигарониҳои занон "ҳифзи дастоварадҳои бистсолаи онҳо" будааст.

Ҳарчанд "Толибон" то ба ҳол ба духтарони аз синфи шашум боло иҷозаи таҳсил ва ба занони коргар дар идораҳои давлатӣ иҷозаи фаъолият надодааст, ин гуруҳ гуфта, ки ба ҳуқуқи занон мутобиқи арзишҳои исломӣ эҳтиром дорад.

Билол Каримӣ, узви дафтари матбуотии "Толибон" ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфт: "Дар ҳоли ҳозир занон дар вазоратҳои тандурустӣ ва маорифу фурудгоҳи Кобул ба кори худ идома медиҳанд. Гуфтугӯ дар бораи чигунагии омӯзиши духтарон ва занони коргар дар идораҳои давлатӣ идома дорад."

Яке аз хостҳои муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ аз "Толибон" ин аст, ки ба ҳуқуқи занони эҳтиром қоил шавад ва ба онҳо иҷозаи фаъолияти иҷтимоӣ бидиҳад.

Дар ҳукумати пешинаи "Толибон" дар солҳои 1996-2001 занону духтарон аз кору таҳсил маҳрум буда, танҳо бо ҳамроҳии яке аз мардони хонавода ҳаққи ба кӯча баромаданро доштанд.

Шарҳҳоро бинед (3)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG