Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афви Байналмилал хостори таҳқиқи пурраи ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини ИМА дар Кобул шуд


Ҳавопаймои бесарнишини ИМА дар Кобул ба ин мошин ҳамла карда буд.
Ҳавопаймои бесарнишини ИМА дар Кобул ба ин мошин ҳамла карда буд.

Созмони Афви Байналмилал эътирофи мақомоти артиши Амрикоро, ки иштибоҳан дар ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишин дар Кобул 10 ғайринизомиро куштааст, “қадами мусбат” номидааст, аммо даъват кардааст, ки ҳодиса “пурра ва беғаразона” таҳқиқ шавад.

ИМА рӯзи 29-уми август эълон кард, ки дар назди фурудгоҳи Кобул ба як мошини бомбгузоришудаи гуруҳи ДОИШ ҳамла кардааст. Баъдан, маълум шуд, ки дар ин ҳамла хонаводае кушта шудааст, ки ҳеҷ рабте ба ДОИШ надоранд. Мақомоти амрикоӣ рӯзи 17-уми сентябр ба иштибоҳи худ иқрор карданд ва узр пурсиданд.

Брайан Кастнер, як масъули созмони Афви Байналмилал гуфт, ки ин иқрор як қадами муҳим барои ба ҷавобгарӣ кашидани онҳоест, ки дар ин ҳамла даст доранд.

Тафтиш нишон додааст, ки ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ ба мошини як корманди созмони хайрия ҳамла кардааст. Ин мард бо нӯҳ узви хонаводааш кушта шуданд.

Мақомоти амрикоӣ гуфтанд, ки пардохти ҷуброн ба ин хонаводаро баррасӣ мекунанд.

ИМА ин ҳамларо пас аз он анҷом дод, ки рӯзи 26-уми август дар ҳамлаи террористие дар фурудгоҳи Кобул 13 сарбози амрикоӣ ва даҳҳо шаҳрванди Афғонистон кушта шуд. Мақомоти амрикоӣ гуфтанд, хабар ёфтаанд, ки ДОИШ ҳамлаи дуввумро анҷом доданист ва аз он пешгирӣ карданд.

Ин ҳамлае, ки ҳоло иштибоҳӣ номида мешавад, охирин амалиёти низомии Амрико дар хоки Афғонистон буд. ИМА пас аз 20 соли ҳузур, пас аз оне ки Кобулро Толибон тасарруф карданд, Афғонистонро тарк кард.

XS
SM
MD
LG