Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин "афсӯс хӯрд", ки натавонист дар саммити Душанбе иштирок кунад


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия рӯзи панҷшанбеи 16-уми сентябр гуфт, бинобар гирифтории даҳҳо нафар аз атрофиёни наздикаш ба бемории КОВИД-19, карантини ӯ чандин рузи дигар идома хоҳад дошт.

Раиси ҷумҳури Русия рӯзи панҷшанбе ба таври маҷозӣ ё онлайнӣ дар нишасти Шӯрои сарони Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ, ки дар Душанбе баргузор шуд, суханронӣ кард. Оқои Путин гуфт, "орзу доштам ҳамон тавр, ки аз қабл барномарезӣ шуда буд, шахсан дар нишаст иштирок кунам ва дасти шуморо бифишорам".

Раиси ҷумҳури Русия афзуд, "ҳамон тавр ки медонед, мутаассифона маҷбур шудам дар охирин лаҳза сафар ба Душанберо лағв кунам ва аз ин ҷиҳат афсус мехурам. Сабаби лағви сафар ин аст, ки на фақат як ё ду нафар, балки даҳҳо нафар аз атрофиёни наздики ман ба КОВИД-19 гирифтор шудаанд. Бо ин сабаб бояд чандин рузи дигар дар карантин бимонам".

Қабл аз ин суханони Путин дар рузи панҷшанбе, ҷузъиёти гирифтории кормандони Кохи Кремл ва муддати карантини раиси ҷумҳури Русия мушаххас нашуда буд.

Номҳо ва мақоми афроде, ки ба коронавирус гирифтор шудаанд, эълон нашудааст. Дмитрий Песков, сухангӯи раёсати ҷумҳури Русия рузи чаҳоршанбе гуфт, "ҳоли Владимир Путин хуб аст ва натиҷаи озмоиши КОВИД-19-и ӯ манфӣ будааст".

Дар ҷаласаи Шӯрои сарони СПАД, ки рузи 16-уми сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, президентҳо Тоҷикистон, Белорус, Қирғизистон, Қазоқистон, нахуствазири Арманистон ҳузурӣ ва Владимир Путин онлайнӣ суҳбат карданд.

Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъиро соли 1992 таъсис доданд ва феълан Арманистон, Беларус, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон узви онанд. СПАД бо ҳадафи "тақвияти сулҳ, амнияту устуворӣ дар минтақа ва ҷаҳон, ҳифзи дастаҷамъии истиқлол, ягонагии марзӣ ва тамомияти арзии кишварҳои узв таъсис шудааст", вале онро як созмони зери нуфузи Русия меноманд.

XS
SM
MD
LG