Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сенатори амрикоӣ талош дорад ба Солеҳ ва Масъуд кумак кунад


Сенатори амрикоӣ Линдсӣ Греҳем
Сенатори амрикоӣ Линдсӣ Греҳем

Як сенатори амрикоӣ талош дорад, Вашингтонро ба ҳимоят аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти сарварии ноиб-президенти барканоршудаи ин кишвар Амруллоҳ Солеҳ ва фармондеҳ Аҳмад Масъуд ҷалб намояд. Ҷумҳурихоҳ Линдсӣ Греҳем ба нашрияи Politico гуфтааст, мехоҳад, садои мухолифони “Толибон” дар берун шунида ва аз онҳо ҳимоят шавад. Ин дар ҳолест, ки пас аз ишғол шудани дараи Панҷшер аз тарафи “Толибон” дар аввалҳои ин моҳ аз ду раҳбари ҷабҳаи муқовимат садое шунида намешавад. Ҳамчунин талошҳои ин сенатори амрикоӣ, ки гуфта мешавад, тарафдории чеҳраҳои бонуфузи Ҳизби ҷумҳурихоҳро ҷалб кардааст, дар ҳоле ҷараён доранд, ки ҳукумати президент Ҷо Байден майле ба мудохила дар вазъи афғонистон нишон намдиҳад ва ҳадафаш низ берун кашидани пойи ИМА аз буҳрони кишвар будааст. Вале Линдсӣ Греҳем бар ин аст, ки Афғонистон даргири як ҷанги шаҳрвандӣ мешавад ва вазъи оянда вокуниши Амрикоро тақозо хоҳад кард. Сенатор Линдсӣ Греҳем бо баёнияҳои ситезаҷӯёна ва баҳсбарангезаш дар мавриди Сурия ва Эрон маъруф мебошад.

XS
SM
MD
LG