Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин намеояд. Раҳмон бо Лаврову Шойгу мулоқот кард


Акс аз соли 2019
Акс аз соли 2019

Дар остонаи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар Душанбе, ки 16-17-уми сентябр баргузор мешавад, шоми чоршанбе президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати Русия дидору гуфтугӯ кард. Маскавро дар ин нишаст вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров, вазири дифоъ Сергей Шойгу ва дигар мақомот намояндагӣ мекунанд. Ба навиштаи вебсайти президенти Тоҷикистон, дар ин мулоқот вазъи ҷории низомиву сиёсии Афғонистон ва масоили ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шудааст. Ҷузъиёти гуфтугӯҳо нашр намешавад.

Ин мулоқот дар ҳоле баргузор шуд, ки қарор буд дар ҷаласаи сарони СҲШ президенти Русия Владимир Путин иштирок мекард, вале рӯзи 14-уми сентябр Кремлин гуфт, ки бо сабабҳои бехатарии тиббӣ қарор шуд, ки Путин дар ин нишаст ба таври фосилавии онлайнӣ иштирок кунад. Кремл гуфт, ки дар атрофи Путин нафарони олудашуда ба COVID-19 зиёд ҳастанд ва хатари паҳн кардани беморӣ ба дигарон вуҷуд дорад. Бархе мақомот дар Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз сафар ба Душанбе худдорӣ кардани Путин онҳоро дар ҳайрат гузошт, вале иттилои бештар аз он ки дар матбуоти расмӣ гузаштааст, дар дасти онҳо ҳам вуҷуд надорад. Сухангӯи Путин зоҳиран ба шоеаҳо дар бораи ин ки шояд худи Путин ба коронавирус олуда шудааст, посухи манфӣ дода гуфтааст, ки президенти Русия баъди эмшавӣ дар баробари ин беморӣ муқовимат пайдо кардааст.

Зимнан, шоми 15-уми сентябр матбуоти расмии Тоҷикистон аз расидани дигар раҳбарони кишварҳои узви СҲШ ба Душанбе, аз ҷумла, президентони Беларус ва Қазоқистон хабар доданд. Интизор меравад, ки Си Ҷинпин, раҳбари Чин дар нишасти СҲШ ба таври фосилавӣ иштирок кунад. Сафари нахуствазири Покистон Имрон Хон ба Тоҷикистон аз пеш тасдиқ шудааст.

Афғонистон, ба дасти “Толибон” гузаштани ҳукумати ин кишвари ҳамсарҳари Тоҷикистон ва ҳам ихтилофи назарҳои кишварҳои узви СҲШ ба ин масъала дар маркази таваҷҷӯҳи нишаст хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG