Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Чизе барои пинҳон кардан надорам, вале..." Телефони фаъолонро дар Қирғизистон кӣ гӯш мекард? ВИДЕО


Аз бойгонӣ

Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон телефони беш аз сад нафарро гӯш мекардааст. Дар миёни онҳо фаъолон, ҳомиёни ҳуқуқ ва сиёсатмадорон ҳастанд. Ин афрод амалкарди мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ғайриқонунӣ дониста, истеъфои вазири корҳои дохилиро талаб доранд

Баҳона чист? Гирдиҳамоӣ

Ҳуқуқшинос Таттибубу Эргашбоева тахмин мезад, ки касе метавонад суҳбатҳои телефонии ӯро гӯш кунад. Аз ин рӯ, вақте номашро дар миёни сад нафар дид, чандон ҳайрон нашуд.

Мегӯяд, танҳо аз далеле, ки муфаттиш барои дарёфти иҷозаи гӯш кардани телефони ӯ пешкаш кардааст, дар аҷаб монд. Тафтишот дар доираи парвандаи ҳодисаҳои моҳи октябри соли 2020, ҳуҷум ва ғасби бинои порлумони Қирғизистон, ба Эргашбоева таваҷҷуҳ кардааст. Ҳодисаҳое, ки ба гуфтааш комилан ба он пайванд надошт.

Эргашбоева, ҳуқуқшиноси созмони “Тандем” дар Бишкек мегӯяд, “дар гирдиҳамоиҳои моҳи октябр ширкат надоштам. Дар умум чизе барои пинҳон кардан надорам. Аммо намехоҳам, касе аз зиндагии шахсии ман, муносибат бо волидон ва пайвандон хабардор шавад.”

Наворро дар инҷо бинед:

Суҳбати фаъолони ҷамъиятии Қирғизистонро ғайриқонунӣ гӯш мекарданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:18 0:00

Дар баробари Таттибубу Эргашбоева телефони фаъолону сиёсатмадорони мухолиф ва ҳатто вакилони порлумони Қирғизистон ҳам гӯш карда шудааст, ки аз ҳаққи дахлнопазирӣ бархӯрдоранд ва ҳатто ҳукми додгоҳ ҳам наметавонад, онро бекор кунад. Дар бораи гӯш шудани гуфтугӯҳои телефонӣ онҳо аз сиёсатмадор Клара Сооронқулова огоҳ шуданд, ки нусхаи ҳукми додгоҳро дар ин бора дар шабакаи иҷтимоӣ нашр кард.

"Ин "шантаж" аст"

Клара Сооронқулова, раиси ҳизби “Ислоҳот”, гуфт: “Ин санадҳо ба дасти ман аз шахси номаълуме расид. Намедонам, муаллифи ин сандаҳо кӣ аст ва то ин дам дар дасти кӣ буд. Ҳоло имконияти ба таври махфӣ фиристодани маълумот зиёд аст, ба ман бо Телеграм фиристоданд. Ман зуд онҳоро нусха гирифтам, чунки баъд аз чанд сония санадҳоро пок кард."

Иҷоза барои гӯш кардани телефонҳоро додгоҳ ҳанӯз моҳи январи имсол содир кардааст, яъне дар авҷи маъракаи интихоботи президентӣ. Дар рӯйхати шахсоне, ки телефонҳояшон бояд гӯш карда шавад, номи панҷ рақиби Содир Ҷабборов (Содир Жапаров) ҳам ҳаст.

Клара Сооронқулова
Клара Сооронқулова

Клара Сооронқулова яке аз онҳо аст, ки дар интихобот номзадии худро пешбарӣ карда, ба таври ошкор Ҷабборовро танқид мекард. Ӯ бовар дорад, ки барои гӯш кардани телефони якбора сад нафар асоси қонунӣ вуҷуд надорад. Танҳо мақомот аз эътирозҳои саросарӣ хавф доштанд ва мехостанд, рақибони худро зери назорат дошта бошанд.

“Вақте моро гӯш карданд ва сабт намуданд, аҷаб не, фардо онро барои таъқибҳои сиёсӣ истифода кунанд. Ин мавзӯи шантаж ва фошкориҳои беобрӯкунанда хоҳад шуд. Ин бисёр хавфнок аст. Дар ҳар давлати дуруст ин факт як сенсатсия мешуд. Дар Амрико президент Никсон маҳз ба хотири ошкор шудани чунин факте ба истеъфо рафт. Дар мо ҳеч вокуниш нест. Ҳоло мунтазирем, президент чӣ вокуниш нишон медиҳад”, -- гуфт Клара Сооронқулова.

Посухи ВКД ва додгоҳ

Дар Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон гӯш кардани телефонҳоро тасдиқ карданд. Гуфтанд, ин кор ҳамагӣ як моҳ идома дошт ва бо иҷозаи додгоҳ сурат гирифт, яъне қонунӣ буд. Дар додгоҳ низ ин ҳукмро қонунӣ ва асоснок хонданд.

Дар изҳороти Додгоҳи ноҳияи Первомайи Бишкек чунин гуфтаанд: “Додгоҳ дар рафти мурофиа ба ягон хатое роҳ надодааст. Додрас танҳо дархости мақомотро ҷиҳати гузарондани амалиёти махсус тасдиқ кардааст. Додрас дар доираи ваколатҳои худ ин дархостро қонеъ кардааст.”

Аммо шахсоне, ки номашон дар ин феҳрист ҳаст, бо ин изҳорот розӣ нестанд. Ба гуфтаи онҳо, муфаттиш, додситон ва додрас аз ҳадди ваколатҳои худ берун амал кардаанд. Акнун онҳо барои бақарор кардани адолат мубориза мебаранд.

Яке аз вакилон, ки гуфтугӯҳои телефониаш гӯш карда шудаанд, ба Додситонӣ арз карда, хостааст, ин тасмими мақомотро шарҳ диҳад. Додситонӣ танҳо гуфтааст, қазияро тафтиш мекунад.

“Барои ин тасмими сиёсӣ вазири корҳои дохилӣ ва додситони кул бояд ба истеъфо раванд. Чунки инҷо ҳуқуқи бунёдии инсон поймол шудааст”, -- хулоса кард ҳуқуқшинос Таттибубу Эргашбоева.

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG