Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёмаке, ки бисёриҳоро тарсонд. Манобеи ВКД гуфтанд, аз онҳо нест


Акс аз бойгонӣ

СМС ё паёмаке, ки охири ҳафтаи гузашта ба дасти сокинони Тоҷикистон расид, бисёриҳоро дар мавриди табодули иттилоъ оид ба коронавирус нигарон кардааст. Дар он паёмак гуфта шудааст, мақомот суҳбатҳои телефонии мардумро пурра сабт карда, навиштаҳои корбаронро дар фазои маҷозӣ назорат менамоянд. Ин дар ҳолест, ки гӯш кардани суҳбатҳои телефонӣ ба гурӯҳи маълумоти дорои хусусияти маҳрамона дохил мешавад ва тибқи қонунҳои Тоҷикистон манъ аст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки паёмак аз номи ин ниҳод нашр шуд, то ҳанӯз вокуниши расмӣ накардааст.

Як масъули ВКД ба шарти фош нашудани номаш гуфт, "паёмак воқеият надорад ва вазорат масъаларо мавриди санҷиш қарор додааст".

Мирзоҳасан Самадов, сокини шаҳри Душанбе, аз ҷумлаи онҳоест, ки мегӯяд, паёмакро дастрас кард ва барои огоҳ шудани дигарон онро дар саҳифааш дар Фейсбук гузошт. "Дақиқ намедонам, паёмак то куҷо воқеият дорад, аммо хостам дигарон низ аз мӯҳтавои он хабардор шаванд, то ба мушкил дучор наоянд", - афзуд ӯ.

Дар қисми поёни паёмак, аз мардум хоста шудааст, ҳангоми тамос бо дигарон эҳтиёт шаванд, "аз мубодилаи маълумоти махфӣ бо дӯстон ва хешовандон худдорӣ намоянд".

Рустам Гулов, коршиноси фанновариҳои навин, рӯзи 1-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, он тавр ки дар паёмак зикр шудааст, гӯш кардани ҳама суҳбатҳои телефонӣ имконнопазир аст. Вай таъкид намуд, ки ин паёмак қалбакист.

"Ба навиштаҳо дар паёмак аҳамият диҳед, он ҷо "аз пагоҳ сар карда" гуфта шудааст, вале на санаи дақиқ аст, на исму вазифаву манбаи муайян", - мегӯяд ӯ.

Гулов таъкид намуд, ки паёмаке бо чунин мазмун бори аввал тахминан соли 2017, замони таҳияи чанд қонунҳои баҳсбарангез дар Русия, дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд ва ҳамон вақт тақаллубӣ буданаш ошкор гардид: "Инро касе гирифта, айнан ба забони тоҷикӣ тарҷума ва паҳн кардааст. Ин паёмак дар Тоҷикистон ҳамон лаҳзаҳое паҳн шуд, ки ҳукумат мавҷудияти коронавирусро тасдиқ кард. Ин масъалаи ҳуқуқи инсон аст ва метавонад одамонро дар ташвиш гузорад".

Рустам Гуловмегӯяд, дар шабакаҳои иҷтимоии Тоҷикистон бори аввал чунин паёмакро мебинад, вале "муҳим аст, мақомот фавран вокуниш нишон дода, гӯянд, дурӯғ аст, то мардум ба воҳима науфтанд".

Бино ба Қонуни асосӣ ва қонунҳои марбутаи Тоҷикистон мукотибаи шахсӣ махфист ва гӯш кардани суҳбатҳои телефонӣ бе иҷозаи додгоҳ манъ аст. Вале ҳуқуқдони шинохта Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, дар Тоҷикистон ба эҳтимоли зиёд гӯш кардани сӯҳбатҳои телефонӣ ва мутолиаи мукотиботи шахсиятҳои алоҳида вуҷуд дорад ва "ин нақзи ҳуқуқи дахлнопазирии инсон аст".

Дар ҳоле ки паёмак аз номи ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон пахш шуда, меъёрҳои зиддиқонунӣ дорад ва ба эътибори ниҳодҳои давлатие чун ВКД латма ворид мекунад, Додситонии кул ҳанӯз тасмиме барои боз кардани парвандаи ҷиноӣ нагирифтааст.

Дар ин байн интишори паёмаке, ки мардумро ба ҳарос меорад, идома дорад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (19)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG