Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар шимоли Тоҷикистон нархи сӯзишворӣ андак поин шуд


Акси нуқтаи сӯзишворӣ аз соли 2018

Нархи маводи сӯхт дар вилояти Суғд то андозае поин омадааст. Ба навиштаи хабаргузории «Спутник», ҳафтаи ҷорӣ нархи газу бензин дар фурӯшгоҳҳо аз 30 то 50 дирам арзонтар шуда, ҳоло гази моеъ бар ивази 8 сомонӣ ва бензини навъи 92 бар ивази 10 сомонӣ пешниҳод мешавад. Болоравии нархи маводи сӯхт дар Тоҷикистон аз аввали сол дида мешавад, вале дар чанд ҳафтаи охир ба таври рекордӣ гарон ва камчин шуд. Намояндагони Хадамоти зиддинҳисорӣ сабаби онро ба баланд рафтани нарх дар бозори ҷаҳонӣ, аз ҷумла кишварҳои содиркунанда рабт доданд. Аммо коршиносон аз ҳузури ширкатҳои монополист суҳбат мекунанд, ки ба вазъи нарху наво дар бозори сӯзишворӣ таъсир мерасонанд.

XS
SM
MD
LG