Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

2 тоҷик ва 3 қирғизро дар пайванд ба ҳодисаи моҳи апрел муҳокима мекунанд


Яке аз хонаҳои сӯхта дар деҳаи Сомониёни Исфара, 2-юми майи 2021
Яке аз хонаҳои сӯхта дар деҳаи Сомониёни Исфара, 2-юми майи 2021

Дар Қирғизистон муҳокимаи панҷ нафар бо гумони ғорати хонаҳои мардум ҳангоми задухӯрди мусаллаҳона дар охири моҳи апрели имсол шуруъ шудааст.

Мурофиаи аввал 13-уми сентябр дар Додгоҳи ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд, ҳаммарз бо ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, гузашт.

Ба иттилои бахши қирғизии Радиои Озодӣ, дар курсии айбдорӣ ду шаҳрванди Тоҷикистон ва се шаҳрванди Қирғизистон нишастаанд.

Ҷониби Тоҷикистон то ҳанӯз дар ин бора чизе намегӯяд. Маълум нест, шаҳрвандони Тоҷикистон кай ва таҳти чӣ шароит дастгир ва муҳокима мешаванд.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ рӯзи душанбе навишт, се шаҳрванди Қирғизистон барои "ёрӣ додан" ба сокинони кишвари ҳамсоя гумонбаранд.

Дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи 28-29-уми апрели имсол дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон аз ду тараф 55 кас кушта, даҳҳо нафар захмӣ ва даҳҳо манзил сӯхтаву вайрон шуданд.

Баъзе аз сокинон иддао доштанд, ки хонаҳояшон барқасдона сӯзонда ва ғорат карда шудааст.

Додситонҳои ду кишвар дар пайванд ба ҳодиса парванда кушода, таҳқиқро оғоз карда буданд, вале то ҳанӯз натиҷаи онро эълон накардаанд. Маълум нест, муҳокимаи панҷ нафар дар Қирғизистон бахше аз он аст ё ҷудогона сурат мегирад.

Тоҷикистон бо Қирғизистон 970-980 километр марз дорад, ки аз ин танҳо 519 километр мушаххас ва нишонагузорӣ шудааст. Ҳамасола дар минтақаҳои баҳсии марзи ду кишвар бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла бар сари тақсими об, муноқиша сар мезанад.

XS
SM
MD
LG