Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтор дар хобгоҳ. ВКД гунаҳкори ҳодисаро меҷӯяд. АКС


Мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон сӯхтор дар бинои хобгоҳи Донишкадаи фарҳанг ва санъат дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсии пойтахтро тасдиқ карда гуфтанд, ки дар ҳоли ҳозир сабабу зарар ва гунаҳкори ҳодисаро муайян мекунанд. Ҳодисаи сӯхтор шаби 22-юми сентябр дар даромадгоҳи хобгоҳ рух додааст. Масъулони Вазорати умури дохилӣ гуфтанд, ки “сӯхтор саривақт хомӯш гардид ва дар натиҷа марги одамон сабт нашуд”.

Манобеи Радиои Озодӣ рӯзи 23-юми сентябр гуфтанд, ки дар ҳодисаи шаби гузашта чандин донишҷӯ ба иллати беҳушӣ, нафастангӣ ё заҳролудшавӣ ба бемористонҳои шаҳри Душанбе интиқол ёфтаанд. Бино ба иттилои манобеи мо, шаби гузшта дар Бемористони касалиҳои сӯхта ба камияш 15 донишҷӯи Донишкадаи фарҳанг ва санъат ба сабаби заҳролудшавӣ бистарӣ гардида, субҳи шанбе аксари онҳо ҷавоб шудаанд.

Сафарбегим, як донишҷӯи ин хобгоҳ, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, шаби гузашта ҳамаи донишҷӯён ба берун бароварда шуданд. Ӯ гуфт, “касе насӯхтааст. Фақат баъзеҳо дар ҳолати тарсу афсурдагӣ буданд ва ба ин хотир ба бемористон интиқол дода шуданд.”

Бархе дигар аз ҳамсӯҳбатони мо ки нахостанд номашон бурда шавад, гуфтанд, ки оташ асосан дар ошёнаи аввал сар зада, нагузоштааст, донишҷӯён ба осонӣ ба берун бароянд. Як мусоҳиби мо гуфт, “оташу дуд ба боло печид. Аз ин хотир, духтароне, ки дар ошёнаи чаҳорум буданд, ба зудӣ натавонистанд, худро ба берун кашанд ва аз тарс ва дуди зиёд дар ҳолати ногувор қарор гирифтанд.”

Хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи 23-юми сентябр аз маҳалли ҳодиса гуфт, “баъзе аз донишҷӯёне, ки наздиконашон дар Душанбе ҳастанд, бори худро гирифта ба хонаи онҳо мекӯчанд”.

XS
SM
MD
LG