Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси МАГАТЭ барои эҳёи созиши ҳастаӣ бо Эрон ба Теҳрон меравад


Қарор аст раҳбари созмони энержии атомии СММ рӯзи 12-уми сентябр дар Теҳрон музокирот анҷом диҳад. Ин сафари ӯ дар пайи талошҳои ноком барои эҳёи созишномаи ҳастаии Эрон бо қудратҳои ҷаҳонӣ сурат мегирад.

Қарор аст, Рафаэл Гроссӣ, мудири Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ, бо раҳбари нави Созмони Энержии Атомии Эрон Муҳаммад Исломӣ мулоқот кунад. Ин нахустин сафари Гросси ба Эрон пас аз ба кор шурӯъ кардани президенти усулгаро Иброҳим Раисӣ дар моҳи август аст.

Музокироти Эрон ва қудратҳои ҷаҳонӣ дар бораи маҳдуд кардани барномаи ҳастаии Эрон дар ивази сабук кардани таҳримҳо аз моҳи июн иҷроношуда монд. Аввали ҳамин моҳ МАГАТЭ дар гузориши худ гуфта буд, ки Эрон ба афзоиши захираи урани ғанисозишудаи худ идома медиҳад.

Дар ин изҳорот гуфта мешавад, корҳои назоративу санҷишӣ аз моҳи феврал инҷониб “ҷиддан осеб диданд” чун Эрон нагузошт нозирони оҷонс ба дастгоҳҳои назоратии МАГАТЭ дастрасӣ пайдо кунанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG