Бино ба хабари "Ҳиндустон Таймз", нерӯҳои "Толибон" Рӯҳуллоҳ, бародари калонии Амруллоҳ Солеҳ, ноиби президенти барканоршудаи Афғонистонро куштаанд.
Хабаргузорӣ 10-уми сентябр навишт, ки ҷангҷӯён ӯро ҳангоми аз Панҷшер ба Кобул рафтанаш шинохта, "то мурдан шиканҷа карданд". Гузоришҳои дигар баёнгари онанд, ки "ӯ дар набард бо "Толибон" ҷон бохтааст".
Гуруҳи "Толибон" ва Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ҳанӯз ба таври расмӣ хабарро тасдиқ ё рад накардаанд.
Амруллоҳ Солеҳ, муовини пешини президенти барканоршуда Ашраф Ғанӣ, ки ҳоло узви Ҷабҳаи муқовимати миллӣ аст, ба гуфтаи ҷонибдоронаш, дар Панҷшер қарор дорад. Ҷое, ки даҳ рӯз боз маҳалли даргирии нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва "Толибон" аст.
Солеҳ бори охир рӯзи 3-юми сентябри имсол дар "Твиттер" наворе нашр карда, гуфта буд, аз Панҷшер ба ҷойи дигар нарафтааст, аммо аз он замон то кунун дигар паёме нагузошт.
Амруллоҳ Солеҳ дар интихоботи президентии соли 2019 аз Ашраф Ғанӣ пуштибонӣ карда, ба мансаби муовини аввали раёсати ҷумҳури Афғонистон расида буд. Дар интихоботи президентии соли 2014 аз ҳомиёни доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ буд.
Вай пас аз сарнагунии ҳукумати аввали "Толибон" (аз 1996 то 2001 низ қудратро ба даст доштанд) ҳафт сол раҳбари Раёсати амнияти миллии Афғонистон буд. Бо тақнидҳои сахташ аз артиши Покистон ва созмони истихобороти он кишвар машҳур аст.