Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блинкен бо шарикони Амрико вазъи Афғонистонро баррасӣ мекунад


Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико, рӯзи 8-уми август дар Олмон бо ҳампаймонҳои кишвараш дар бораи вазъи Афғонистон гуфтугӯҳо анҷом медиҳад. Вазири корҳои хориҷии Амрико аз ҷумла бо ҳамтои олмониаш Ҳайко Маас мулоқот менамояд. Гуруҳи "Толибон" як рӯз қабл ҳайати ҳукумати худро эълон кард.

Блинкен аз Қатар -- ҷое, ки бузургтарин нуқтаи интиқоли шаҳрвандони амрикоӣ ва афғон дар ҷараёни берун кардани мардум аз фурудгоҳи Кобул ба шумор мерафт, ба Олмон парвоз кард. Қарор аст ӯ дар нишасти онлайнӣ ё маҷозии вазирони умури хориҷӣ ва мақомҳои кишварҳои "Гурӯҳи 20" иштирок кунад. Ин нишаст вазъи Афғонистонро баррасӣ мекунад.

Ҳамзамон гуфта мешавад, рӯзи 8-уми сентябр бо мизбонии Покистон суҳбати маҷозии вазирони корҳои хориҷии Чин, Эрон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон дар бораи вазъи Афғонистон баргузор мешавад.

"Толибон" рӯзи гузашта ҳукумати худро эълон карданд. Шуморе аз аъзои кобинаи ҳукумати "Толибон" дар "рӯйхати сиёҳ"-и Созмони Милали Муттаҳид қарор доранд. Аз ҷумла, сарпарасти вазорати дохилии Афғонистон дар ҳукумати эълонкардаи "Толибон" Сироҷиддин Ҳаққонӣ аз сӯи FBI (ФБР) мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад.

Эълони ҳукумати "Толибон" дар ҳоле сурат мегирад, ки шаҳрҳои калони Афғонистон рӯзҳои гузашта шоҳиди тазоҳуроти зиддипокистонӣ ва зидди "Толибон" буданд. Дар чанд ҳолат ҷангҷӯёни "Толибон" ба зидди занони эътирозгар аз гази ашковар истифода карданд ва ба ҳаво тир холӣ намуданд.

XS
SM
MD
LG