Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳаммад Заҳир Ағбар дар Душанбе аз кишварҳои ҷаҳон хост, ки ҳукумати "Толибон"-ро эътироф накунанд


Муҳаммад Заҳир Ағбар
Муҳаммад Заҳир Ағбар

Муҳаммад Заҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, гуфт, ба наздикӣ Шурои муқовимат таъсис меёбад ва маркази он Панҷшер хоҳад буд.

Ба гуфтаи ӯ, "шахсиятҳои матраҳ ва бонуфузи Афғонистон рӯзҳои оянда ҷамъ хоҳанд омад ва дар ин робита тасмим хоҳанд гирифт". Аммо ӯ дақиқан нагуфт, ки онҳо кай ва дар куҷо ҷамъ меоянд ва ин Шӯроро таъсис медиҳанд.

Оқои Ағбар, ки рӯзи 8-уми сентябр дар қароргоҳи сафорати Афғонистон дар Душанбе бо хабарнигорон суҳбат мекард, дар ин робита гуфт: "Зарур аст чеҳраҳои бонуфуз ва матраҳ ҷамъ шаванд, то маркази муқовимати Афғонистон ба кор шуруъ кунад. Мусалламан маркази муқовимат Панҷшер аст."

Муҳаммад Заҳир Ағбар афзуд, ки то кунун сафоратҳои Афғонистон дар 67 кишвари ҷаҳон ва низ дар Созмони Милали Муттаҳид ба ҳукумати зери сарпарастии Амруллоҳ Солеҳ итоат мекунанд. Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали президент Ашраф Ғанӣ пас аз фирори ӯ эълон кард, ки иҷрокунандаи ин вазифа аст.

Ба гуфтаи сафири Афғонистон, ҳукумати "Толибон"-ро то кунун ҳеч кишвар эътироф накардааст ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки онро ба расмият нашиносанд. Гуруҳи "Толибон" рӯзи 7-уми сентябр ҳайати ҳукумати муваққатии худро расонаӣ кард.

Сафир умедворӣ кард, ки мушкили 80 хонаводаи афғон дар ҷазирае дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ба зудӣ ҳал мешавад ва ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди онҳо тасмими ниҳоӣ мегирад. Ӯ афзуд, "бархӯрди ҳукумати Тоҷикистон бо муҳоҷирон ҳамеша самимона будааст".

Ӯ дар посух ба ин суоли хабарнигорон, ки ҳукумати Тоҷикистон дар ин шароит чӣ ёрие ба Афғонистон метавонад расонад, гуфт, "ҳукумати Тоҷикистон аз интизороти мо бештар гуфтанд".

XS
SM
MD
LG