Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се кишвари аврупоӣ мухолифи паноҳҷӯёни афғон баромаданд


Андрей Бабиш
Андрей Бабиш

Мақомоти Чехия, Австрия ва Словакия ба қабули паноҳҷӯёни бештар аз Афғонистон дар кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо мухолифат карданд.

Андрей Бабиш, сарвазири Ҷумҳурии Чех, рӯзи 7-уми сентябр гуфт, Иттиҳоди Аврупо гунҷоиши паноҳҷуёни бештари афғонро нахоҳад дошт ва онҳо бояд дар кишвари худ ё кишварҳои ҳамсоя бимонанд. Бабиш ин гапро пас аз мулоқот бо ҳамтоёнаш аз Австрия ва Словакия баён дошт.

Баъд аз он ки гуруҳи "Толибон" моҳи августи имсол минтақаҳои Афғонистонро ишғол кард, даҳҳо ҳазор кас аз тарси ҷангҷӯёни исломгаро аз ин кишвар фирор карданд. Бахше дигар дар талоши берун рафтан ҳастанд.

Ин вазъ хавфи такрори буҳрони муҳоҷирати соли 2015 дар Аврупоро ба вуҷуд овардааст. Он замон беш аз як миллион кас аз ҷангу фақр дар Ховари Миёна ба Аврупо паноҳ бурда буданд.

Себастян Куртз, нахуствазири Австрия, гуфт, кишвараш омодааст барои ёрӣ ба афғонҳо дар кишварҳои ҳамсояи Афғонистон 21,3 миллион доллар ҷудо кунад.

"Мо кӯшиш мекунем, ки ранҷу азобҳои онҳоро сабук кунем, аммо розӣ нестем, ки ҳодисаи соли 2015 бори дигар такрор шавад. Мо ба зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ ҳастем", -- афзудааст ӯ.

Лаҳистону Маҷористон, ду узви дигари Иттиҳоди Аврупо, аз муддатҳо пеш муқаррароти пазируфтани паноҳҷӯёнро сахттар кардаанд.

XS
SM
MD
LG