Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ним сол дар Афғонистон даҳҳо донишомӯзро куштаву захмӣ кардаанд


Мактабе дар Кобул баъди бомбгузорӣ
Мактабе дар Кобул баъди бомбгузорӣ

Як созмони ҳомии ҳуқуқи башар хабар дод, ки дар шаш моҳи имсол дар Афғонистон ба чиҳил мактаб ва даҳҳо донишомӯз ҳамла шудааст.

Эътилофи ҷаҳонии ҳифзи маориф аз ҳамла (Global Coalition to Protect Education from Attack) рӯзи 7-уми сентябр бо нашри гузорише гуфт, дар натиҷа 185 донишҷӯ ва омӯзгор куштаву захмӣ шуданд.

Ба иттилои созмон, аз соли 2018 то миёнаҳои 2021 дар умум ба донишҷӯёну омӯзгорон ва мактабҳои Афғонистон беш аз 200 ҳамла сурат гирифта, зиёда аз 600 омӯзгор ва донишҷӯ куштаву маҷруҳ кардааст. Ҳамлаварон ба зидди онҳо аз маводи тарканда ва гулӯла истифода карда, беш аз 70 мактабро низ вайрон намуданд.

Дия Нийҳовне, раиси иҷроияи Эътилофи ҷаҳонии ҳифзи маориф аз ҳамла, дар изҳороте гуфт, “нирӯҳои мусаллаҳ ва гурӯҳҳои ғайридавлатии мусаллаҳ бояд аз истифодаи маводи тарканда дар минтақаҳои васеи аҳолинишин, аз ҷумла, дар назди мактабу донишгоҳҳо ва роҳ ба сӯи ин муассисаҳо худдорӣ кунанд”.

“Истифодаи маҳдуди маводи тарканда на танҳо ҷони донишҷӯёну омӯзгорон, балки афроди дигари мулкиро муҳофизат мекунад”, -- афзуд ӯ.

Гузорише бо номи “Таъсири силоҳҳои тарканда ба маориф: Афғонистон ба ҳайси намунае барои омӯзиш” мегӯяд, гурӯҳҳои мусаллаҳ ба монанди “Толибон” ва “Давлати исломӣ” аз соли 2018 то миёнаҳои 2021 ба камияш ду дафъа дар сол алайҳи таҳсили духтарон бо истифода аз маводи тарканда амал кардаанд.

Ин гузориш мегӯяд, дар ин муддат ба камияш 160 духтари донишҷӯ ва кормандони маориф куштаву захмӣ шуда, ба камияш панҷ мактаби духтарона вайрон гардид.

“Толибон”, як гурӯҳи усулгарову муҳофизакори исломӣ, баъд аз ҷангҳои 20-сола бо нирӯҳои ҳукумативу байналмилалӣ 15-уми августи имсол аксар қаламравҳои Афғонистонро ишғол кард.

Эътилофи ҷаҳонии ҳифзи маориф мегӯяд, афзоиши ҳамлаҳо ба мактабҳои Афғонистон дар як вақт бо зиёд шудани ҳамла ба мактабҳо дар гӯшаҳои дигари ҷаҳон рух додааст.

Гузориш дар остонаи Рӯзи байналмилалии ҳимояти маориф аз ҳамлаҳо нашр шуд, ки рӯзи 9-уми сентябр таҷлил мешавад.

Эътилофи ҷаҳонии ҳифзи маориф аз ҳамла аз кишварҳо тақозо кард, ки Эъломияи мактабҳои амнро қабул кунанд, ки ҳимоят аз донишҷӯён, муаллимон, донишмандон ва донишгоҳҳоро дар низоъҳои мусаллаҳона талаб мекунад. Ин санадро то кунун 111 кишвар имзо кардаанд.

XS
SM
MD
LG