Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

11 ва 10 соли зиндон. Ҳукми раҳбарони мухолифони Беларус содир шуд


6-уми сентябр, Минск. Мария Калесникова бо ду дасти завлонашудааш аз дохили утоқи айбдоршавандаҳо рамзи дилро нишон медиҳад
6-уми сентябр, Минск. Мария Калесникова бо ду дасти завлонашудааш аз дохили утоқи айбдоршавандаҳо рамзи дилро нишон медиҳад

Додгоҳе дар Беларус рӯзи 6-уми сентябр ҳукм кард, ки раҳбарони мухолифон Мария Калесникова ва Максим Знак дар талоши табаддулоти давлатӣ гунаҳгор ҳастанд ва бар асоси ин иттиҳом ба 11 ва 10 соли зиндон маҳкум мешаванд. Бар хилофи интизориҳои пешакӣ, ҳукми раҳбарони мухолифон пушти дарҳои баста қироат шуд. Калесникова ва Знак иттиҳомотро ҳамчун дорои ангезаҳои сиёсӣ рад кардаанд.

Светалана Тихановская, раҳбари мухолифони Беларус, ки баъди интихоботи президентӣ бо далелҳои амниятӣ ба хориҷа рафт, билофосила дар саҳифаи Твиттери худ навишт: "Мо озодии билофосилаи Мария ва Максимро тақозо мекунем. Онҳо ҳеҷ гуноҳе накардаанд. Ин террори зидди беларусҳо аст, ки ҷуръат карда бар зидди режим баланд шуданд".

ИМА қаблан иттиҳомоти онҳоро сохтакоришуда ва натиҷаи саркӯбҳои гурӯҳҳои демократӣ аз ҷониби режими Александр Лукашенка номидааст.

Ду гумонбар – аъзои Шӯрои ҳамоҳангсози мухолифон барои нақзи чанд банди Кодекси ҷиноӣ айбдор мешуданд, аз ҷумла, дар тавтеа барои ғасби қудрат, даъват ба баҳам задани амнияти миллӣ ва даъват ба амалҳое, ки тавассути матбуот ва Интернет ба хароб кардани амнияти миллӣ равона шудаанд.

Ҷараёни муҳокимаҳои додгоҳӣ ҳам дар пушти дарҳои баста гузашт. Калесникова ва Знак дар авҷи саркӯбҳои эътирозгарони натиҷаҳои интихоботи президентии соли 2020 боздошт шуданд, ки ба қавли мақомот, барандааш Александр Лукашенко буд, вале бисёр сокинони Беларус ва ҳам намояндагони мухолифон натиҷаҳоро тақаллубшуда номида, давоми чандин моҳ эътироз карданд.

XS
SM
MD
LG