Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи ҷанг дар Панҷшер. Ду ҷониб аз пешрафту талафот мегӯянд, дигарон аз эҳтимоли ҷанги шаҳрвандӣ нигаронанд


Размандагони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон. Панҷшер, 2-юми сентябри 2021
Размандагони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон. Панҷшер, 2-юми сентябри 2021

Ҷанг миёни нерӯҳои Толибон ва Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар вилояти Панҷшер рӯзи шашум аст, ки идома дорад. Ҳарду ҷониб иддао мекунанд, ки дар рӯзҳои гузашта пешравӣ доштанд ва ба якдигар талафот ворид карданд. Ба даст овардани иттилои дақиқу тасдиқшуда дар бораи рӯйдодҳои Панҷшер феълан мушкил аст.

Ҷонибҳо чӣ мегӯянд?

Гурӯҳи Толибон гуфт, ҷангҷӯёнаш рӯзи 4-уми сентябр ба Бозорак, маркази Панҷшер, тақрибан 100-километрии шимолу шарқи Кобул наздик шудаанд. Телевизиони "Тулуъ" ба нақл аз Анамуллоҳ Самангонӣ, узви кумисюни фарҳангии Толибон, гуфт, ҷангҷӯён "ноҳияҳои Париён, Шутул, Хинҷ ва Обшорро пурра забт карда, ҳоло дар қисми марказии Аноба ҳастанд."

Ин дар ҳолест, ки Фаҳими Даштӣ, яке аз сухангӯёни Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, рӯзи 5-уми сентябр дар Твиттер навишт, "Париёни Панҷшер аз вуҷуди Толибон пурра пок шуд."

Вай ҳамзамон иддао кард, ки "дастикам ҳазор террорист ба далели баста шудани роҳи баргашту хуруҷ гир афтода буданд. Тамоми муҳоҷимон ҳангоми фирору ақибнишинӣ ба воситаи мардуми маҳал ва бо кумаки размандагони муқовимат кушта, таслим ё асир шуданд." Гуруҳи Толибон ҳанӯз ба ин хабар вокуниш накардааст.

Аз ин пеш, Амруллоҳ Солеҳ, муовини собиқи президенти Афғонистон ва ҳоло узви Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, дар паёме видеоӣ гуфта буд, ҳарчанд дар вазъияти душвор ҳастанд, ба муқовимат идома хоҳанд дод. Вай гуфт, "мо мавриди ҳамлаи "Ал-Қоида", террористон, Толибон ва ҷонибдорони Покистон қарор дорем, аммо аз кишвари худ дифоъ мекунем."

Телевизиони "Тулуъ" аз қавли ӯ гуфт, "муқовимат идома дорад. Душман талафот дод, мо низ талафот додем. Ман дар маросими дафни яке аз ҳамроҳонам иштирок кардам. Вазъ таҳти назорати мост."

Пас аз он ки Толибон рӯзи 15-уми август Кобулро ишғол карданд, бо муборизаи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба раҳбарии Аҳмад Масъуд, писари қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд, рӯбарӯ шуданд.

Ҳушдорҳо аз эҳтимоли ҷанги шаҳрвандӣ

Идомаи даргирӣ дар Панҷшер баъзе аз нигарониҳоро дар бораи эҳтимоли ҷанги шаҳрвандӣ дар Афғонистон ба вуҷуд овардааст. Атомуҳаммади Нур, раиси Ҳизби ҷамъияти исломӣ ва волии пешини Балх, ҳушдор дод, ки "идомаи ҳамлаи Толибон ба Панҷшер боис ба ҷанги дигар дар кишвар мешавад."

Генерали амрикоӣ Марк Милли низ дар пойгоҳи ҳавоии Рамштайн дар Олмон гуфт: "Арзёбии низомии ман ин аст, ки шароит эҳтимоли ҷанги шаҳрвандиро ба вуҷуд овардааст. Намедонам, ки оё Толибон қудратро мустаҳкам карда, ҳукуматро ташкил карда метавонанд ё не."

Милли гуфт, агар онҳо ин корро карда натавонанд, "дар навбати худ дар се соли оянда ба "зинда" шудани "Ал-Қоида", тавсеаи ДОИШ ё гурӯҳҳои дигари террористӣ сабаб мегарданд".

Дар ҳамин ҳол, Мулло Абдулғанӣ Бародар, муовини Толибон ва раиси дафтари сиёсии ин гурӯҳ дар Қатар, гуфтааст, кор дар мавриди ташкили ҳукумати "ҳамашумул" ҷараён дорад. Вай рӯзи шанбе дар суҳбат бо телевизиони "Ал-Ҷазира" дар Кобул ба мардум итминон додааст, ки барои беҳбуд бахшидани зиндагии онҳо талош хоҳанд кард, вале нагуфтааст, ки ҳукумати нав дақиқан кай эълон мешавад.

Гуруҳи Толибон пас аз тақрибан бист соли сарнагунии ҳокимияташ дар Афғонистон рӯзи 15-уми август дигарбора назорат бар ин кишварро ба даст гирифт. Панҷшер ягона вилояти Афғонистон аст, ки аз ҷониби гуруҳи ҷангҷӯ тасарруф нашудааст. Ин вилоят бо 3610 километри мураббаъ масоҳат минтақаи хурдтарин дар Афғонистон ба ҳисоб меравад, вале бо кӯҳҳое иҳота шудааст, ки баландияшон то 5768 метр мерасад ва дар онҷо 145 пирях мавҷуд аст.

XS
SM
MD
LG