Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Авҷи даргириҳо дар Панҷшер. Раиси идораи ҷосусии Покистон ба Кобул омад


Сарбозони Ҷабҳаи муқовимат дар Панҷшер

Аҳмад Масъуд, фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимат дар Панҷшер ҳузури Толибон дар қудрати Афғонистонро "фоҷеаи зиддибашарӣ" ва "силоҳи қатли ом" унвон карда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, аз ҳадафҳои ин гуруҳ ҷилавгирӣ кунанд.

Аҳмад Масъуд Толибонро "Силоҳи қатли ом" номид

Паёми Аҳмад Масъуд рӯзи 4-уми сентябр дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоии марбут ба Ҷабҳаи муқовимат нашр шуд. Ӯ ҳушдор додааст, ки агар пеши роҳи Толибон гирифта нашавад, ифротгароӣ дар кишварҳои ҳамсоя ва минтақа тақвият хоҳад ёфт. Ба гуфтаи ӯ, "Толибон бархилофи ваъдаҳояш барои риояи ҳуқуқи башар аз ин аслиҳа кӯдакону занони Панҷшер ва сокинони дигар манотиқи Афғонистонро кушта, аз нигоҳи мазҳабӣ ва қавмгароӣ ҷиноятҳои зидди башарро содир мекунад."

Аҳмад Масъуд
Аҳмад Масъуд

Аҳмад Масъуд аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, ки Толибонро эътироф накунанд. Ӯ гуфтааст, ки барои ҳимоят аз Афғонистон дар хоки Панҷшер зидди ин гуруҳ муқовиматро идома хоҳад дод.

Толибон ҳанӯз ба изҳороти Аҳмад Масъуд посух надоданд. Номаи Масъуд дар ҳоле нашр шуд, ки аз ҷанг дар дараи Панҷшер хабарҳои зидду нақизе мерасад.

Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Панҷшер шоми 4-уми сентябр хабар дод, ки теъдоди зиёде аз ҷангҷӯёни Толибонро дар муҳосира гирифтаанд.

Толибон иддао доранд, ки дар дараи Панҷшер пешравӣ кардаанд.

Суҳбат аз шикасту пешравӣ

Фаҳими Даштӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимат дар саҳифаи Твитераш навишт, ки “Толибон бо далели инфиҷори кӯҳ аз ақибашон дар минтақаи Дашти Реват таҳти муҳосира қарор гирифта ва тамоми васоит ва таҷҳизоташон ба ҷо мондааст.” Ӯ афзудааст, ки даргирии шадид идома дорад ва ба гуфтаи ӯ, “ҳазорон террорист дар Париён муҳосира шудаанд.”

Билол Каримӣ, сухангӯи Толибон низ дар Твитераш навиштааст, ки чаҳор ноҳияи Панҷшерро тасарруф кардаанд.

Як мақоми Толибон бидуни зикри номаш ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, ки бо далели минкорӣ шудани роҳҳо пешравӣ ба маркази вилояти Панҷшер суст шудааст.

Аз ин пеш, мақомоти Ҷабҳаи муқовимат гуфтанд, ки ба хотири ғофилгир кардани Толибон ақибнишинӣ карданд ва баъдан онҳоро дар муҳосира қарор доданд.

Ҳарду ҷониб аз талафоти зиёд ба ҳамдигар хабар медиҳанд.

Сафари генерали покистонӣ ба Кобул

Зимнан, дар авҷи даргириҳо дар дараи Панҷшер рӯзи 4-уми сентябр генерал Файз Ҳамид, раҳбари Хадамоти истихборотии Покистон ба Кобул сафар кардааст ва бо раҳбарони Толибон мулоқот кардааст. Ҷузъиёти мулоқоти ӯ бо раҳбарони Толибон маълум нест.

Вашинтон ва ҳукумати собиқи Афғонистон Покистонро дар пуштибонӣ аз Толибон борҳо муттаҳам карда буданд. Мақомоти Покистон ин иддаоро рад мекунанд.

Рӯзи гузашта бархе расонаҳо бо такя ба мақомоти Толибон хабар доданд, ки Панҷшер суқут кардааст. Аҳмад Масъуд ва дигар фармондеҳон суқути Панҷшерро рад карданд.

Толибон, ки рӯзи 15-уми август бидуни ҷанг Кобулро ишғол карданд, дар як ҳафтаи охир барои тасарруфи Панҷшер вориди ҷанг шудаанд. Ҳарду ҷониб иддао доранд, ки ба ҳамдигар талафоти сангин ворид карданд.

Панҷшер ягона вилояти Афғонистон аст, ки аз ҷониби Толибон тасарруф нашудааст. Толибон рӯзи гузашта эълон карданд, ки музокира бо Ҷабҳаи муқовимат дар Панҷшер натиҷа надодааст ва онҳо бо роҳи ҷанг вилоятро тасарруф хоҳанд кард. Ба гуфтаи масъулони Ҷабҳаи муқовимат, як ҳафта боз ҷанг дар Панҷшер давом дорад ва Толибон барқу алоқа ба ин вилоятро қатъ кардаанд.

Бо 3610 километри мураббаъ Панҷшер хурдтарин вилояти Афғонистон ба шумор меравад, аммо он бо кӯҳҳое иҳота шудааст, ки баландияшон то 5768 метр мерасад ва ин ҷо 145 приях мавҷуд аст. Макони барои душманонаш хатарнокро бо бахшҳои дигари мамлакат чаҳор роҳ мепайванданд, ду роҳ дар шимол ва дуи дигар дар ҷануб.

Бино бар бартариҳои стратегияш Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳ Масъуд тавонист дар давраи ҷанг бо Шӯравӣ аз соли 1979 то 1989 ва баъдан Толибон аз 1996 то 2001 онро ҳифз кунад. Вай 9 сентябри соли 2001 дар як ҳамлаи террористӣ ба дасти ду араби узви Ал Қоида кушта шуд. Писари ӯ Аҳмад Масъуд акнун мегӯяд, роҳи падарашро давом медиҳад ва таслим намешавад.

Шарҳҳоро бинед (24)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG