Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден фармон дод, ки таҳқиқи ҳодисаи 11-уми сентябр ошкор шавад


Ҳамла ба бинои дугоники Маркази тиҷорат дар Ню-Йорки ИМА дар соли 2001
Ҳамла ба бинои дугоники Маркази тиҷорат дар Ню-Йорки ИМА дар соли 2001

Президенти ИМА фармон дод, ки санадҳои таҳқиқи ҳодисаи террористии 11-уми сентябри соли 2001 дар Амрико дар ним соли оянда ошкор шаванд.

Ҷо Байден, президенти ИМА бар ин назар аст, ки таваҷҷӯҳи ҷомеа ба ахбори пушидаи ин ҳодиса хатар ба амнияти миллии кишвар аст.

Байден ошкор кардани таҳқиқи ин ҳодисаро замони маъракаи интихоботии худ ваъда дода буд. Пайвандони афроди қурбоншуда дар ин ҳодиса давоми 20 соли гузашта пайваста талаб мекарданд, ҷузъиёти таҳқиқоти ҳодиса ошкор карда шавад. Онҳо бар ин назаранд, ки шояд ФБР санадҳои таҳқиқотро барои сард накардани равобиташ бо Арабистони Саудӣ нобуд созад. Аксари ҳамлагарон араб буданд. Ҳукумати Амрико ин иддаоро рад мекунанд.

11-уми сентябри соли 2001 пайравони гуруҳҳои тундрав ҳавопаймоҳои мусофирбариро гарав гирифтанд. Ду ҳавопаймо ба бинои баландошёнаи Маркази тиҷорат дар Ню- Йорк бархӯрд. Дар ин ҳодиса се ҳазор нафар ба ҳалокат расид, ки пурқурбонитарин ҳодисаи террористӣ дар ҳудуди ИМА дониста мешавад. Ҳодисаро гуруҳи террористии “Ал-Қоида” зери раҳбарии Усома Бен Лоден бар душ гирифт. Худи ӯ соли 2011 дар Покистон кушта шуд. Ин гуруҳ дар Афғонистон пойгоҳ дошт ва ИМА ба Афғонистон ҳамла кард ва пас аз 20 сол хориҷ шуд.

XS
SM
MD
LG