Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муштариёни "Тоҷпромбонк" аз фишори равонӣ шикоят карданд. Бонки миллӣ беасос донист


Гуруҳе аз муштариёни "Тоҷпромбонк" мегӯянд, мавриди фишори равонӣ қарор гирифтаанд.
Гуруҳе аз муштариёни "Тоҷпромбонк" мегӯянд, мавриди фишори равонӣ қарор гирифтаанд.

Гуруҳе аз муштариёни "Тоҷпромбонк" мегӯянд, барои муроҷиат кардан ба Бонки миллии Тоҷикистон дар робита ба пасандозҳои худ мавриди фишори равонӣ ва таҳдид қарор гирифтаанд. Вале намояндаи расмии Бонки миллӣ ин иддаоро рад кард ва гуфт, ҳеч гуна бадрафторӣ бо ин шаҳрвандон сурат нагирифтааст.

Солеҳамоҳ Самадова, раиси Кумитаи амонатдорони "Тоҷпромбонк", ба Радиои Озодӣ гуфт, мақсади ӯ аз мулоқот бо намояндагони Бонки миллӣ дарёфти посух барои 170 муштарии "Тоҷпромбонк" буд, ки кай сармояи худро дарёфт хоҳанд кард. Ин бонки барҳамхӯрда то ҳоло 49 млн сомонӣ пасандози муштариёнашро барнагардондааст.

"Вақте ба қабули муовини аввали раиси бонк Ҷамолиддин Нуралиев даромадем, бо садои баланд бо мо суҳбат кард ва гуфт барои рафторатон ки харҷу марҷ эҷод мекунед, ҳамчун саботаж ба Вазорати корҳои дохилӣ муроҷат мекунем. Вай ба мо гуфт, ки ба назди Фирӯз Шарипов, масъули тақсими амвол ва дороиҳои "Тоҷпромбонк" равем. Бори аввал дар моҳи май ба қабули Нуралиев рафта будем, аз фишори зиёд ман фалаҷ шудам, як дасту поям аз ҳаракат монд, 6 моҳ табобат кардам. Ман барои давлат 40 сол хизмат кардаам ва мақоми охирам дар Генпрокуратура буд», -- гуфт Самадова.

Талошҳои мо барои тамос бо Ҷамолиддин Нуралиев натиҷа надод, аммо Мавҷуда Ҳасанова, сухангӯи Бонки миллии Тоҷикистон дар суҳбати бо Радиои Озодӣ шикояти муштариёнро рад кард. “Иддаоҳои муштариён дар мавриди ин ки ба онҳо дағалрафторӣ шудааст ва ё таҳдид карда шудааст, комилан беҷо ва нодуруст аст. Муҳтарам Ҷамолиддин Нуралиев инсони ботамкин аст ва ба ҳамаи суолҳои онҳо гуш дода роҳи ҳалро нишон додааст. Дар суҳбат бо онҳо ҳеҷ гуна зургуӣ нашудааст. Баръакс барои ҳалли мушкили онҳо тамоми чораҳоро меандешанд ва Бонки миллӣ масъули тақсими амвол ва дороиҳои "Тоҷпромбонк"ро мансуб кард, ки ба мушкили амонатгузорон расидагӣ кунад. Худи муштариёни “Тоҷпромбонк” бештар дағалрафторӣ мекунанд, бидуни навбат ҳаракат мекунанд қабулашон кунанд”,--гуфт Ҳасанова.

Бонки миллӣ дар моҳи марти имсол муҳлати бозгардондани амонатҳоро шаш моҳи дигар дароз кард ва муштариён нигаронанд, ки маблағҳои худро дар як моҳи боқимонда гирифта наметавонанд ва муҳлат боз тамдид хоҳад шуд.

Тоҷпромбонк дар феврали соли 2017 баста шуд, вале инак наздики панҷ сол мегузарад, то ҳанӯз амонати муштариён ба онҳо баргардонида нашудааст.

Як амонатдори "Тоҷпромбонк", Мирзохуҷа Самадов, писари Солеҳамоҳ Самадова, ки солҳост наметавонад, 160 000 доллари худро пас гирад, мегӯяд, ба назари ӯ, муроҷиатҳои пайдарпаяш ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси дастгоҳи президент Озода Раҳмон ва раиси маҷлиси Миллӣ Рустами Эмомалӣ барои ҳалли мушкил сабаби дуруштҳарфии муовини якуми раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев, ки шавҳари Озода Раҳмон аст, шуда бошад. Зеро Нуралиев аз модари ӯ хостааст, “ҳарчӣ навиштан дар шабакаҳои интернетиро бас кунад, вагарна ба ҷавобгарӣ кашида мешавад”.

Ин гуфтаҳои Мирзохуҷаро модари ӯ тасдиқ кард.

“Ман аз овони кудакӣ маъюб ҳастам, фалаҷ ҳастам, ба зӯр роҳ меравам, наход маблағи маро то ҳол натавонанад баргардонанд. Мо аз куҷо медонистем ки бонк муфлис мешавад. Гуноҳи мо чист? Амонтагузорони “Тоҷпромбанк” аслан нафақагирҳо ва маъюбонанд,”-- мегӯяд Самадова.

Ӯ афзуд, дар моҳи майи соли равон, вақте ки ба Бонки миллӣ рафтааст, дидбонҳои бонк таҳдидаш кардаанд, ки “агар як бори дигар назди Бонки миллӣ пайдо шавад, барои даъват ба зидди ҳукумат боздошт хоҳад шуд."

Мавҷуда Ҳасанова, сухангӯи Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, ин иддаоҳо ноҷо ҳастанд ва чунин ҳарф аз забони ҳеч масъули бонк садод надодааст.

Вай ҳамчунин нороҳатии муштариёнро беасос номид ва изҳори бовар намуд, ки мушкили онҳо ба зудӣ ҳал хоҳад шуд, ҳамон гуна ки маблағҳои барнагардонидаи “Тоҷпромбонк” аз 174 млн сомонӣ дар аввали ҷараёни барҳамдиҳӣ то ба 49 млн кам шудаанд.

Фирӯз Шарипов, масъули тақсими амвол ва дороиҳои "Тоҷпромбонк", ба Радиои Озодӣ гуфт, мушкили амонатдорон ҷиддан баррасӣ мешавад ва маблағҳо баргардонида мешаванд.

Солеҳамоҳ Самадова, ба унвони раиси Кумитаи амонатдорони "Тоҷпромбонк" гуфт, бозгардони сармояҳо назми муайян надорад ва асосан “амонати мансабдорону шиносбозҳо пардохта шудааст”.

Пештар баъзе аз муштариёни "Тоҷпромбонк" аз он шикоят доштанд, ки ба онҳо дар ивази пул манзил ё амволи дигар пешниҳод мешавад ва барои пӯшондани қарзи бонк ба маротиб болотар нархгузорӣ шудаанд.

Мушкили бозпас гардондани пули амонатгузорон дар соли 2016 доғ шуд. Дар он замон "Тоҷпромбонк"-у "Фононбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк"-у "Агроинвестбонк" бо мушкили пардохтпазирӣ дучор шуданд. Ҳукумати Тоҷикистон барои наҷоти "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" сармоягузорӣ кард.

Дар оғоз қарор буд "Тоҷпромбонк" ва "Фононбонк" низ зери ҳимояти давлат қарор гиранд. Барои наҷоти онҳо 530 миллион сомонӣ пешбинӣ мешуд, аммо ин ду бонк таҳти ҳимояти давлат қарор нагирифтанд

Дар пайи ба миён омадани мушкили молӣ дар “Тоҷпромбонк” аввали соли 2017 Бонки Миллӣ парвона ё муҷаввизи корашро бозхонд кард. Мақомоти Бонки Миллӣ дар баёнияи расмӣ гуфтанд, ин тасмим аз тарафи "Раёсати Бонки Миллии Тоҷикистон ва бар асоси сабабҳои асоснок гирифта шудааст", вале шарҳе надоданд.

Танҳо муштариёни “Тоҷпромбонк” нестанд, ки панҷ сол инҷониб дар гирифтани амонатҳои худ мушкил доранд. Муштариёни зиёди “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” ҳам наметавонанд пулҳои худро аз ин ду бонк бозпас бигиранд.

Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки миллӣ дар нишасти хабарии охир гуфт, мушкил дар он аст, ки бонкҳои дучори мушкил натавонистанд сари вақт дороии худро фурӯшанд. Аммо баъзе аз муштариёни ин бонкҳо мегӯянд, масъулин ба дороиҳои бонк нархи гарон мегузоранд ва дар ниҳоят амвол ба фурӯш намеравад.

Муштариёни “Тоҷпромбонк” мегӯянд, кашолкорӣ дар фурӯши амволи бонк онҳоро нигарон кардааст. Ҳамчунин бо гузашти солу моҳ сармояи онҳо дар натиҷаи таваррум қурби худро аз даст медиҳад.

XS
SM
MD
LG