Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти деринтизори Байден ва Зеленский барпо шуд


1-уми сентябр, Кохи Сафед. Президентони Украина ва ИМА - Владимир Зеленский ва Ҷо Байден гуфтугӯ мекунанд

Дар ҷараёни мулоқоти деринтизори президенти ИМА ва ҳамтои украиниаш Владимир Зеленский дар Кохи Сафед, Ҷо Байден Киевро бори дигар мутақоид кард, ки ИМА дар “таҷовузи Русия” алайҳи Украина дар пушти ин кишвар қарор дорад. Байден дар мулоқоти рӯзи 1-уми сентябр гуфт, “ИМА ба истиқлолияту тамомияти арзии Украинаро дар муқобили таҷовузи Русия ва ҳам ормонҳи авроатлантикии Украина қотеъ истодааст”. Ӯ гуфт, ки ҳамкори миёни ду кишвар қавитар мешавад. Ин дар ҳолест, ки Байден дар ин гуфтугуӯҳо ба кӯмак дар узвияти Украина дар НАТО ваё ҳузури мустақими Вашингтон дар музокирони сулҳ бо Русия баъди ҳафт соли ҷангҳо ишора накард.

Зеленский пеш аз ворид шудан ба Кохи Сафед гуфт, ки барои баррасиҳо бо Байден доираи васеи мавзӯъҳоро омода кардааст ва ба гуфтааш, тамаркузи асосӣ сари масоили амният ва талошҳои ба узвияти НАТО ворид шудани Украина хоҳад буд. Вале Байден ошкоро гуфтааст, ки Украинаро ҳанӯз барои узвият дар НАТО омода намеҳисобад, чун, ба гуфтааш, ин кишвар ба ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад ва Русия ҳам ба шиддат мухолифи ин нақшаҳо мебошад. Бар иваз Байден гуфтааст, ки ҷонибдори муқобила бо коррупсия ва ҷорӣ кардани ислоҳот дар Украина мебошад.

XS
SM
MD
LG