Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Толибон" аз размандагони Панҷшер гузоштани силоҳҳоро хост. Муҳаммадӣ аз талафоти ҷангҷӯён гуфт


Нерӯҳои зидди Толибон дар Панҷшер, 31-уми августи 2021
Нерӯҳои зидди Толибон дар Панҷшер, 31-уми августи 2021

Гурӯҳи "Толибон" рӯзи 1-уми сентябр аз размандагони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба раҳбарии Аҳмад Масъуд хостааст, ки силоҳҳои худро ба замин гузоранд. Ин дар ҳолест, ки намояндагони Панҷшер мегӯянд, ҳамлаҳои ҷангҷӯёни гурӯҳи исломгароро ба ин вилоят пахш карданд.

Вазири пешини дифои Афғонистон, Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ, гуфт, ҳамлаи наве, ки Толибон оғоз кард, "шикаст хӯрд". Вай иддао дорад, ки дар рӯзи дувуми ҷанг, пас аз рафтани нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон, 34 узви "Толибон" кушта ва 65 нафар захмӣ шудаанд.

"Толибон" иддао мекунанд, ки дараи Панҷшерро аз чанд тараф ба муҳосира гирифтаанд, аммо то кунун дар бораи даргирӣ дар Панҷшер ва талафоташон ибрози назар накардаанд.

Баръакс, расонаҳои маҳаллии Афғонистон аз қавли намояндагони "Толибон" навиштанд, ки талошҳо барои ҳалли сулҳомези масъалаи Панҷшер бенатиҷа будааст.

Аз чанд рӯз ба ин сӯ гуфтугӯҳо миёни ҷангҷӯёни Толибон ва намояндагони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ идома дошт. Дар ҳоли ҳозир ҳама қаламрави Афғонистон ба ҷуз аз дараи Панҷшер зери назорати Толибон мебошад.

Расонаҳои маҳаллӣ ва байналмилалӣ рӯзи чаҳоршанбе ба нақл аз Амирхон Муттақӣ, яке аз раҳбарони Толибон, хабар доданд, ки гуфтугӯҳои ин гурӯҳ бо сарони истодагарӣ дар Панҷшер натиҷае дар пай надоштааст.

Амирхон Муттақӣ дар навори савтӣ гуфтааст, "бисёр талош кардем, ки мавзӯи Панҷшерро аз тариқи гуфтугӯ ҳал кунем. Олимони Панҷшер борҳо мулоқот карданд. Дар Чоряккори Парвон бо масъулин музокирот сурат гирифт, аммо натиҷа надодааст. Мо боз талош мекунем, ки ҷанг сурат нагирад ва мавзӯи Панҷшер ба оромӣ ҳал шавад".

Ин намояндаи Толибон афзудааст, раҳбарияти гурӯҳ барои вилояти Панҷшер як волӣ таъйин карда, вале аз ӯ ном набурдааст.

Сарони Толибон дар ҳоле аз бенатиҷа будани гуфтугӯҳо сухан мегӯянд, ки шаби 31-уми август низ дар қисматҳое аз вилояти Панҷшер миёни нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва ҷангҷӯёни Толибон даргирӣ сурат гирифтааст.

Баъд аз уфти вилоятҳои дигари Афғонистон ва пойтахти ин кишвар – шаҳри Кобул – ба дасти Толибон, Панҷшер ягона вилояте аст, ки зери назорати ин гурӯҳ намебошад. Аҳмад Масъуд, писари қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд, бо шуморе аз чеҳраҳои дигар дар ин вилоят Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ташкил додаанд.

Бо гузашти ду ҳафта аз замони ишғоли Кобул, гурӯҳи Толибон ҳукумати нави худро эълон накардааст. Баръакси он ки дар соли 1996, пас аз чанд соати гирифтани пойтахт, шӯрои раҳбариро ташкил дода буд.

Вазири корҳои хориҷии Покистон, ки бо Толибон робитаи наздик дорад, 31-уми август гуфт, умедвор аст, Афғонистон дар чанд рӯзи оянда соҳиби "ҳукумати нав” хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG