Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз 20 расонаи Русия бекор кардани рӯйхати "агентҳои хориҷӣ"-ро талаб доранд


Молдова. Эътироз ба зидди "Расонаҳо - агенти хориҷӣ" дар Русия
Молдова. Эътироз ба зидди "Расонаҳо - агенти хориҷӣ" дар Русия

Сармуҳаррирони беш аз 20 расонаи Русия бекор кардани рӯйхати "Расонаҳо - агентҳои хориҷӣ" ва соддатар кардани қонуни амалкунандаи ин кишварро дар бораи "агентҳои хориҷӣ" талаб доранд.

Онҳо дархости худро дар як номаи боз ба унвонии президенти Русия Владимир Путин, сухангӯи ӯ Дмитрий Песков ва вазири адлияи он кишвар Константин Чуйченко фиристодаанд.

Номаро расонаҳое ба нашр расондаанд, ки сармуҳаррири онҳо зераш имзо гузоштаанд. Маллифони нома гуфтаанд, пурра бекор кардани қонуни "Расонаҳо - агентҳои хориҷӣ"-ро талаб надоранд. Танҳо мехоҳанд, бозбинӣ шавад. Аз ҷумла, пешниҳод шудааст, ки расона танҳо тавассути додгоҳ ва баъд аз огоҳӣ "агенти хориҷӣ" эълом шавад.

Сармуҳаррири "Проект" Роман Баданин, рӯзноманигорони он Пётр Маняхин, Олга Чуракова, Мария Железнова ва Юлия Лукянова "агенти хориҷӣ" номида шуданд.

Ба ин рӯйхат ҳамчунин сармуҳаррири "Откритих Медиа" Юлия Ярош, муовини ӯ Максим Гликин ва рӯзноманигори бахши русии Радиои Озодӣ Елизавета Маетная шомил гаштаанд.

Ба рӯйхати расонаҳои "агенти хориҷӣ" дар Русия айни замон 28 шахси воқеӣ ва расонаҳо шомил аст, ки аз онҳо 10 тарҳи русии Радиои Озодӣ ва чаҳор ҳамкори Бахши русии Радиои Озодӣ ҳастанд.

Радиои Озодӣ қонун дар бораи расонаҳоро дар Русия, ки заминаи "агентҳои хориҷӣ" гаштааст, таъқибкунанда меномад.

XS
SM
MD
LG