Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бритониё барои берун кардани афроди бештар аз Афғонистон бо Толибон гуфтугӯ мекунад


Ҳоло назорати фурудгоҳи Кобул ба дасти нерӯҳои Толибон аст. 31-уми августи 2021
Ҳоло назорати фурудгоҳи Кобул ба дасти нерӯҳои Толибон аст. 31-уми августи 2021

Ҳукумати Бритониё ба хотири таъмини амнияти хуруҷи шаҳрвандони худ ва муттаҳидонаш аз Афғонистон бо гурӯҳи Толибон вориди гуфтугӯ мешавад.

Мақомоти ин кишвар ба расонаҳо гуфтанд, ки намояндаи вижаи нахуствазири Бритониё дар давраи гузори Афғонистон Симон Гесс ба Давҳа (Доҳа)-и Қатар рафт, то бо намояндагони Толибон мулоқот намояд.

Бисёре аз раҳбарони Толибон дар Қатар ба сар мебаранд. Ҳукумати Борис Ҷонсон зери фишор қарор дорад ва танқид мешавад, ки ҳамкорони афғони худро танҳо гузошт ва эҳтимол онҳо аз сӯи Толибон азият шаванд.

Як мақом дар ҳукумати Бритониё гуфт, "Симон Гесс ҳоло ба Қатар рафтааст ва бо намояндагони баландпояи Толибон дидор мекунад. Дар ин мулоқот қарор аст бар аҳамияти убури бехатари бритониёҳо таъкид кунад ва ҳамчунин бар таъмини амнияти афғонҳое, ки бо мо кор мекарданд".

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико раванди берун кардани нерӯҳояшро аз Афғонистон рӯзи 30-юми август поён дод ва ба ҷанги 20-солаи худ дар Афғонистон хотима бахшид.

Гурӯҳи Толибон рӯзи 15-уми август, пас аз фирори президент Ашраф Ғанӣ, шаҳри Кобулро тасарруф кард. Дар ҳоли ҳозир ҳама қаламрави Афғонистон ба ҷуз дараи Панҷшер дар ишғоли Толибон қарор дорад.

Аҳмад Масъуд, писари қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд, дар Панҷшер "Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо Толибон"-ро таъсис додааст. Вай гуфтааст, омодаи гуфтугӯ бо Толибон ҳастанд, вале дар сурати ҳамла аз худ дифоъ хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG