Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду кӯдаки паноҳҷӯёни афғон баъди хӯрдани замбӯруғ ба табдили гурда ниёз доранд


Замбӯруғ. Акс аз бойгонӣ
Замбӯруғ. Акс аз бойгонӣ

Раиси як шаҳр дар Полша дар муроҷиатномае ба зарурати анҷоми амалиёти изтирории тағйири гурда барои ду кӯдаки афғон даъват кардааст, ки баъди хӯрдани замбӯруғи заҳролудшуда дучори бемории сангин шудаанд. Артур Тусински, шаҳрдори Подкова Лесна рӯзи 30-уми август дар саҳифаи фейсбукиаш навишт, ки ду тифли паноҳҷӯёни афғон аз хӯрдани замбӯруғи заҳрогин бемор шуданд. Ҳоло ин ду кӯдак дар як беморхонаи шаҳри Варшава мебошанд ва табибон гуфтанд, ки ба ин ду нафар амалиёти табдили гурда зарур аст. OKO.press гуфт, ки падари ин кӯдакон чандин сол ба ҳайси тарҷумони артиши Бритониё кор кардааст ва оилааш бо дархости Бритониё дар ҷараёни интиқолҳои моҳи ҷорӣ аз Афғонистон ба як маркази муҳоҷирони Полша оварда шуд. Манбаъ мегӯяд, ки ин оила аз 12 нафар иборат буда, рӯзи 23-юми август ба Варшава расид ва барои сайругашт ба ҷангали воқеъ дар атрофи маркази муҳоҷират рафт. Кӯдакони 6 ва 8-сола замбӯруғ хӯрда ҳолаташон бад шуд, вазъи хоҳари 17-солаашон беҳтар мешавад.

Якуб Дудзяк, сухангӯи идораи хориҷиҳо дар Полша, ки марказҳои муҳоҷират ба тобеияти он дохил мешаванд, айбмониҳои бархеро рад кард, ки гуфтанд, эҳтимолан ба паноҳандагон хӯроки муносиб надоданд ва онҳо маҷбур шуданд замбӯруғ хӯранд. Ӯ гуфт, ки шароит ва хӯрокашон муносиб аст ва паноҳандагон се дафъа дар рӯз хӯроки ҳархела мехӯранд.

XS
SM
MD
LG