Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои амнияти СММ аз Толибон хост, бигузоранд, ки мардум Афғонистонро тарк кунанд


Паноҳҷӯёни афғон.
Паноҳҷӯёни афғон.

Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид бо судури қатъномае аз Толибон хостааст, ки бигузорад мардум Афғонистонро тарк кунад. Ин қатънома дар нишасти рузи душанбеи Шӯрои амният содир шуд. Дар ин қатънома дар бораи эҷоди "минтақаи амн" дар Кобул чизе гуфта нашудааст. Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса эҷоди чунин як минтақа дар Кобул барои интиқоли бехатари касонеро пешниҳод карда буд, ки мехоҳанд Афғонистонро тарк кунанд. Дар қатънома ба аҳамияти дастрасии мардум ба хадамоти башардустона, риояи ҳуқуқи башар, мушорикати фарогири сиёсӣ ва мубориза бо терроризм таъкид шудааст.

XS
SM
MD
LG