Шаҳрдори Маскав мегӯяд, барои қонунвайронкунӣ ҳудуди 200 нафар аз зодагони кишварҳои ҳамсуд ё худ ИДМ аз пойтахти Русия ихроҷ шудаанд. Сергей Собянин дар саҳифаи интернетии худ навиштааст, вақтҳои ахир байни муҳоҷирон занозаниҳои гурӯҳӣ ба амал омадааст, ки "ҳеҷ қобили қабул нест". Ӯ гуфт, бо ҳамин сабаб мақомоти ҳифзи ҳуқуқ моҳҳои ахир рейдҳои сангине барпо кардаанд. Дар пай нисбати 800 нафар муҳоҷирон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, 17,5 ҳазори дигарро аз ҳаққи вуруд ба кишвар маҳрум карданд.
Дар ҳамин ҳол, охири ҳафтаи гузашта мақомоти ҳифзи ҳуқуқ беш аз 20 муҳоҷирро барои ҷанҷоли гурӯҳӣ дар минтақаи "Новая Москва" боздошт намудаанд.