Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтор дар қисми низомӣ дар Қазоқистон 12 касро кушт, қариб 100 нафарро захмӣ кард


Бар асари сӯхтор дар анбори аслиҳа дар Қазоқистон 12 нафар ҷон бохта, тақрибан 100 кас захмӣ шудаанд. Ҳодиса 26-уми август дар як пойгоҳи низомӣ рӯй дод.

Сухангӯйи Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон 27-уми август гуфт, ба камияш ду нафар бедарак шудаанд ва ҷустуҷӯйи онҳо идома дорад.

Ба қавли ӯ, дар миёни ҷонбохтагон кормандони қисми ҳарбии Вазорати ҳолатҳои фавқулода ва як масъули додситонии ҳарбӣ ҳастанд. Ниме аз захмиён низ кормандони Вазорати ҳолатҳои фавқулода будаанд.

Нурлан Эрмекбоев, вазири мудофиаи Қазоқистон, рӯзи 27-уми август дар нишасти матбуотӣ гуфт, сабаби сӯхтор дар қисми ҳарбии вилояти Ҷамбул маълум нест. Вале ӯ гуфт, ҳама фарзияҳо, аз ҷумла, тарҳрезишуда будани ҳодиса таҳқиқ мешавад.

Эрмекбоев гуфт, дар анбор беш аз 500 тонна маводи таркандаро нигоҳ медоштанд, ки пас аз инфиҷори мушобеҳ (монанд) дар соли 2019 аз як муассисаи шаҳри Арис оварда буданд. Дар ҳодисаи ду сол пеш чаҳор нафар кушта, ҳазорон манзил вайрон ва 40 ҳазор кас саргардон шуданд.

Вазири дифои Қазоқистон ба Радиои Озодӣ гуфт, омодааст, ки аз мансаби худ истеъфо диҳад, аммо айни замон афзуд, қарори ниҳоиро раҳбарияти ҷумҳурӣ мегирад.

Мақомот гуфтанд, садҳо сокини манотиқи атрофро ба ҷойҳои амн кӯч доданд.

XS
SM
MD
LG