Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркишҳои маргбор дар канори фурудгоҳи Кобул. Даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шудаанд. АКС, ВИДЕО


Захмиёнро ба бемористони Кобул бурдаанд
Захмиёнро ба бемористони Кобул бурдаанд

Бар асари таркишҳо дар назди фурудгоҳи Кобул, ки масъулияташро гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ ба уҳда гирифтааст, гурӯҳе аз сарбозони амрикоӣ ва афғонҳо куштаву захмӣ шуданд.

Генерал Кеннет Маккензи, раҳбари Фармондеҳии марказии Амрико, гуфт, дар натиҷаи ду таркиши маргталабона рӯзи панҷшанбе 12 низомии ин кишвар кушта ва 15 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. "Инчунин, шахсони мусаллаҳ ба сӯи ғайринизомиён ва нерӯҳои ҳарбӣ оташ кушоданд", - афзуд ӯ.

Гурӯҳи тундрави ДОИШ масъулияти ҳамларо бар уҳда гирифт ва дар баёнияе эълом кард, ки яке аз бомбгузорони маргталаб "тарҷумонҳо ва ҳамкорони артиши Амрико"-ро ҳадаф қарор додааст.

Навори мусоҳиба бо шоҳиди таркишҳои маргбори канори фурудгоҳи Кобул:

Таркишҳо рӯзи 26-уми август рӯй дода, беназмии бештареро дар фурудгоҳ ба вуҷуд оварданд. Ҷое, ки ҳазорҳо нафар мехоҳанд, аз Афғонистони ҳамакнун зери назорати "Толибон" ба хориҷа фирор кунанд. Ин гурӯҳи ҷангҷӯ 15-уми август назорат бар кишварро (ба ҷуз аз вилояти Панҷшер) ба даст гирифт.

Захмиёнро ба бемористон мебаранд
Захмиёнро ба бемористон мебаранд

Сухангӯйи "Толибон" гуфт, дар ду инфиҷор дар назди фурудгоҳи Кобул аз 13 то 20 нафар кушта ва 52 кас маҷрӯҳ шудаанд. "Ассошиэйтед Пресс" хабар дод, ки ҳадди ақал 60 афғонистонӣ ҷони худро аз даст дода, беш аз 140 тани дигар захмӣ шуданд.

Як созмони хайрияи итолиёӣ дар Афғонистон мегӯяд, ба камияш 60 беморро қабул карданд. Бар илова, ба гуфтаи масъулони созмон, шаш захмӣ дар роҳ ба шифохона ҷони худро аз даст додаанд. "Овардани беморон ҳанӯз бас нашудааст. Мо мардону занон ва кӯдаконро қабул кардем. Онҳо ҳама ғайринизомиёни афғон ҳастанд", - навиштааст ин созмони хайрия дар Твиттер.

Тасвир саҳнаҳое дорад, ки шояд барои дигарон нофорам бошанд.
Захмиёни таркишҳо дар Фурудгоҳи Кобул. 26-уми августи 2021
Захмиёни таркишҳо дар Фурудгоҳи Кобул. 26-уми августи 2021
This image contains sensitive content which some people may find offensive or disturbing - Click to reveal
Захмиёни таркишҳо дар Фурудгоҳи Кобул. 26-уми августи 2021

Таркиш дар байни издиҳоми мардум, ки интизори ворид шудан ба фурудгоҳ буданд, ба вуқуъ пайвастааст. Як дипломати ғарбӣ дар фурудгоҳ 26-уми август гуфт, гирду атрофи ягона фурудгоҳи байналмилалӣ, ки дар Афғонистон фаъолият мекунад, бо вуҷуди огоҳиҳои амниятӣ аз эҳтимоли ҳамлаҳои террористӣ, "бениҳоят серодам буд".

Кохи Сафед гуфт, ба президент Ҷо Байден дар бораи таркиш хабар додаанд ва ӯ бо мақомоти амниятӣ дар бораи вазъ дар Афғонистон суҳбат хоҳад кард. Иёлоти Муттаҳида бо берун бурдани нерӯҳояш мехоҳад, ба ҷанги бистсола дар Афғонистон поён бахшад.

Вазорати дифои Бритониё гуфт, "нигаронии аввали мо амнияти кормандони мо, шаҳрвандони Бритониё ва шаҳрвандони Афғонистон аст. Мо дар робита ба ин ҳодиса бо Амрико ва ҳампаймонҳои дигари НАТО дар тамос ҳастем."

Дабири кулли НАТО, Йенс Столтенберг, гуфт, бо вуҷуди "ҳамлаи даҳшатноки террористӣ" бояд шумораи ҳарчи бештари осебпазирон аз Кобул бароварда шаванд. Вай дар Твиттер гуфт: "Беҳтар ин аст, ки ҳарчӣ зудтар одамонро ба ҷойҳои амн кӯчонем."

Фурудгоҳи Кобул, 26-уми августи 2021
Фурудгоҳи Кобул, 26-уми августи 2021

Чанд соат пеш аз ҳодиса дар Кобул аз мардум хоста буданд, ки ба фурудгоҳ нараванд ва то расидани дастурҳои нав дар макони амне интизор бимонанд. Амрико ва кишварҳои дигари ғарбӣ низ шаҳрвандони худро огоҳ карда буданд, ки бино бо сабаби дарёфти таҳдидҳои “бисёр боэътимод” дар бораи ҳамлаҳои террористӣ, аз фурудгоҳи Кобул ва манотиқи атрофи он дуртар бошанд.

Дар даҳ рӯзи охир, замони ба Кобул ворид шудани "Толибон" тақрибан 90 ҳазор нафарро аз Афғонистон ба берун баровардаанд. 10 ҳазор кас дар фурудгоҳ мунтазиранд. Баровардани мусофирон бояд 31-уми август поён ёбад.

XS
SM
MD
LG