Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

200 ҳазор сомонии дигар. Иззат Амонро бо даъвогарони охирин рӯбарӯ кардаанд


Иззат Амон. Акс аз бойгонӣ
Иззат Амон. Акс аз бойгонӣ

Иззат Амон, ҳомии дастгиршудаи муҳоҷирони тоҷикро бо ду даъвогари охирин дар боздоштгоҳи Душанбе рӯбарӯ кардаанд. Аз даъвогарон ном бурда намешавад, аммо ба иттилои вакили мудофеъ Саидбурҳон Шарифов, баҳси онҳо бар сари дусад ҳазор сомонӣ аст.

"Иззат Амон эътироф кард, ки воқеан аз ин афрод қарздор аст. Даъвои дигар нест, парванда ҷамъбаст шуд ва рӯзҳои наздик ба додгоҳ фиристода хоҳад шуд", -- гуфт вакили мудофеи Иззат Амон рӯзи 25-уми август ба Радиои Озодӣ.

Вакил шарҳи бештар надод ва маълум нест, бозпурсӣ таҳти чӣ шароит сурат гирифтааст. Дар ҳоле ки мақомот низ ҳозир нашуданд, тафсилоти бозпурсиҳоро бигӯянд, Маҳмадюсуф Холов, писари Иззат Амон, мегӯяд, яке аз даъвогарон дар бораи 120 ҳазор сомонӣ ва дигаре дар бораи 80 ҳазор сомонӣ қарз шикоят доштанд.

Ӯ афзуд: "Даъвогарон гуфтаанд, падарам гуё барои ҳимоят аз ҳуқуқи онҳо дар як қазия ҳамчун вакили мудофеъ ҳаққи хидмат гирифта, аммо барнагардондааст."

Ба иттилои пайвандони Иззат Амон, миқдори қарзи ӯ дар умум аз даъвогарон беш аз як миллион рубли русӣ аст. Пештар Додситонии кул қарзи ҳомии муҳоҷиронро 630 ҳазор рубл ва ҳазор доллари амрикоӣ эълон карда буд.

Вакили мудофеи Иззат Амон мегӯяд, ҳоло мушкиле, ки пеш омадааст, масъалаи пардохти маблағи қарздорон аст. Дар айни замон иҳори умед кард, ки "бо эълони афв ба муносибати 30-солагии Истиқлол парвандаи Иззат Амон шомили афв мешавад. Шонси сад дарсадии афв шуданро дорад."

Иззат Амон, раиси "Маркази тоҷикон" дар Маскав, рӯзи 25-уми марти имсол аз Русия ихроҷ шуд.

Мақомоти Тоҷикистон пас аз як рӯз аз боздошти ӯ дар Душанбе хабар доданд. Парвандаи ба зидди ӯ бар асоси "қаллобӣ ба миқдори махсусан калон" (қисми чаҳори моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ) таҳқиқ мешавад. Ин модда ҷарима ва ё то 12 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Ҷонибдоронаш қазияи ӯро дорои ангезаҳои сиёсӣ медонанд. Иззат Амон дар баробари ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирон ҳар чанд вақт дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи сиёсату иқтисод ва вазъи озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон суҳбат мекард.

XS
SM
MD
LG